Ҳамлаи густардаи нерӯҳои сурӣ барои бозпасгирии шаҳри истротежики Қусайр

Гузоришҳо аз Сурия ҳокӣ аз он аст ки нерӯҳои давлатӣ ҳамлаи сангинеро барои бозпасгирии шаҳри Қусайр, ки ҳафтаҳост дар кунтрули шӯришён аст, оғоз кардаанд.
Ба гузориши телевизиюни давлатии Сурия нерӯҳои давлатӣ "терруристҳо"-ро дар шаҳр ба муҳосираи худ дароварда ва "мақари раҳбарони онҳо"-ро тахриб кардаанд.
Дар ҳамин ҳол гурӯҳҳои мухолиф гуфтаанд, ки дар натиҷаи ҳамалоти ҳавоӣ ва оташи сангини нерӯҳои давлатӣ дастикам 16 нафар дар ин шаҳр кушта шудаанд.
Ҷим Мюр, хабарнигори Би-би-сӣ дар Бейрут мегӯяд гузоришоте мабнӣ бар ин ки пайкорҷӯёни лубнонӣ дар ин набард ба шӯришиёни сӯрӣ пайвастаанд, мунташир шудааст.
Хабари ҳамла ба Қусайр дар ҳоле мунташир шуда, ки Башор Асад, раиси ҷумҳури Сурия бори дигар таъкид карда, ки ба "ҷанг алайҳи террурисм" идома медиҳад.
Ҳар ду тараф даргириҳо дар атрофи шаҳри Қусайрро, ки аз аҳамияти истротежики вижае барои нерӯҳои давлатӣ ва шӯришиён бархурдор аст, шадид тавсиф кардаанд.
Шаҳри Қусайр барои нерӯҳои давлатӣ имкони тараддуди байни Димишқ, пойтахти Сурия ва минтақаи соҳилии он кишварро фароҳам мекунад.
Дар ҳамин ҳол дар ихтиёр доштани шаҳри Қусайр барои шӯришиён ба маънои он аст, ки онҳо имкони рафтуомади озодона ба Лубнонро хоҳанд дошт.
