Башор Асад ҳушдор дод ки музокироти сулҳ ба поёни ҷанги дохилӣ мунҷар намешавад

Башор Асад, раиси ҷумҳури Сурия зимни ҳушдор ба Омрико гуфтааст, ки талошҳои он кишвар барои баргузории музокироти сулҳ таъсири зиёде дар мутаваққиф кардани ҷанги дохилӣ дар Сурия надорад.
Оқои Асад дар гуфтугӯи камсобиқа бо рӯзномаи оржонтинии Калорин бори дигар таъкид кард, ки то замони баргузории интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар соли 2014 мелодӣ, ки интихоботи умумӣ дар Сурия баргузор хоҳад шуд, аз қудрат канорагирӣ нахоҳад кард.
Русия ва Омрико дар талошанд то дар моҳи ояндаи милодӣ бо даъват аз мувофиқон ва мухолифони давлати Сурия конфаронси сулҳе баргузор кунанд.
Аммо оқои Асад гуфтааст, ки гурӯҳҳои мухталифи шӯришии мухолифи давлати ӯ барои дастёбӣ ба як тавофуқ бо ҳам якпорча нестанд.
"Иҷоза намедиҳем таслиҳоти Сурия ба Ҳизбуллоҳ бирасад"
Дар ҳамин ҳол Бинёмин Нетонёҳу, нахуствазири Исроил гуфтааст, ки он кишвар монеъ аз дастёбӣ ба силоҳҳои Сурия тавассути ҷунбиши Ҳизбуллоҳ дар Лубнон шуда ва ин иқдомро дар оянда ҳам анҷом хоҳад дод.
Ӯ ин суханонро дар ҳоле баён карда, ки ду ҳафта пеш Исроил дар наздикии Димишқ, пойтахти Сурия иқдом ба ҳамлаҳои ҳавоӣ кард. Дар он замон яке аз мақомоти аршади исроилӣ ҳадаф аз ин ҳамларо ҷилавгирӣ аз интиқоли таслиҳоти пешрафтаи Эрон ба ҷунбиши Ҳизбуллоҳ унвон карда буд.
Гурӯҳи Ҳизбуллоҳ аз муттаҳидони наздики давлати Башор Асад ба шумор меравад.
Бинёмин Нетонёҳу афзуда Ховари Миёна дар ҳоли ҳозир якӣ аз ҳассостарин давронҳои худро дар даҳаҳои ахир таҷриба мекунад ва ҷанги дохилӣ дар Сурия дар маркази ин муноқишот қарор дорад.
Нахуствазири Исроил гуфтааст: "Мо аз наздик таҳаввулот ва тағирот дар Ховари Миёнаро дунбол мекунем ва дар ҳоли тадорук барои вуқуъи ҳар гуна сенориюе ҳастем."
Башор Асад, раиси ҷумҳури Сурияи зимни ҳушдор ба Омрико гуфтааст, ки талошҳои онҳо барои баргузории музокироти сулҳ ба поёни ҷанги дохилӣ мунҷар намешавад. Ӯ таъкид карда, ки то соли 2014 миелодӣ, яъне то замони баргузории интихобот аз қудрат канорагирӣ намекунад.
