Башор Асад: Кишварҳои ғарбӣ ҳазинаи ҳимоят аз Алқоъидаро хоҳанд пардохт

  • 18 Апрел, 2013

Башор Асад, раиси ҷумҳурии Сурия, дар як мусоҳибаи телевизиюнӣ гуфт, ки кишварҳои ғарбӣ барои ҳимоят аз гурӯҳи Алқоъида дар даргириҳои Сурия "ҳазинаи газофе" хоҳанд пардохт.

Дар ин мусоҳиба Башор Асад ҳимояти кишварҳои ғарбиро мушобеҳи кумаки омрикоиҳо ва нақши он дар эҷоди гурӯҳи Толибон ва Алқоъида дар Афғонистон донист.

Ахиран раҳбари "Ҷабҳаи Нусрат", гурӯҳе муташаккил аз мухолифони исломгаро дар Сурия, бо Алзавоҳирӣ , раҳбари Алқоъида, эъломи байъат (аҳду паймон) кард.

Давлати Омрико ин гурӯҳро дар листи созмонҳои теруристии худ қарор додааст.

Ин гурӯҳ ибтидо дар январи соли 2012 зоҳир шуд ва акнун ба яке аз муваффақтарин гурӯҳҳои исломгарои мухолифи давлат табдил шудааст.

"Ҷабҳаи Нусрат" иддаъо мекунад масъулияти ағлаби ҳамлаҳои интиҳориро дар даргириҳои Сурия бар уҳда доштааст.

Ҳамзамон бо суханони Башор Асад, Бон Ки-мун, дабири куллии Созмони Милали Муттаҳид, гуфт ҳамчунон мунтазири иҷозаи вуруди гурӯҳи мутахассиси силоҳҳои шимиёӣ ба Сурия аст.

Ҳадафи ин гурӯҳ таҳқиқ дар бораи ҳамлае аст, ки дар моҳи март дар рустое дар наздикии шаҳри Ҳалаб рӯй дод.