Ҷон Керрӣ: “Асад набояд дар ояндаи Сурия нақше дошта бошад”

Ҷон Керрӣ, вазири хориҷаи Омрико гуфта Башор Асад, раиси ҷумҳури Сурия ҳеҷ нақше дар як роҳҳали сиёсӣ, ки ба муноқишаи Сурия поён диҳад, нахоҳад дошт.
Оқои Керрӣ ин изҳоротро пас аз ин баён кард, ки баъзе аз гузоришҳо аз нарм шудани мавзеъи Омрико нисбат ба нақши Асад дар ояндаи Сурия хабар медоданд.
Мухолифони мусаллаҳи ҳукумати Сурия ҳамвора бар хуруҷи комили оқои Асад аз муъодилоти сиёсии ин кишвар таъкид кардаанд, аммо Русия, ки ин ҳафта конфаронсеро бо ҳадафи ёфтани як роҳҳали сиёсӣ барои муноқишаи Сурия баргузор кардааст, бо ин пешшарт мухолиф аст.
Оқои Керрӣ, ки панҷшанбе дар Рум дар конфаронси матбуъотии муштарак бо ҳамтои итолиёии худ сӯҳбат мекард, таъкид кард, ки Омрико дар гузашта бо фурӯши мушакҳои пешрафтаи “замин ба ҳавои” Русия ба Сурия мухолифат кардааст, зеро онро таҳдиде барои Исроил медонад.
Рӯзномаи Wall Street Journal дар гузорише эълом кардааст, ки Исроил ба иттилоъи Омрико расонда, ки Русия қасд дорад ба Сурия сомонаҳои падофанди ҳавоӣ бифурӯшад.
Ҷон Керрӣ бидуни вокуниши мустақим ба ин гузориш гуфт, чунин иқдоме барои талошҳои сурат гирифта барои пайдо кардани роҳҳали сиёсӣ барои бӯҳрони сурия муфид нахоҳад буд.
Оқои Керрӣ гуфт: “Фикр мекунам ба таври комилан возеҳе мушаххас карда бошем, ки тарҷеҳ медиҳем Русия чунин кумакеро дар ихтиёри онҳо нагузорад.”
Инкори нақше барои Асад
Оқои Керрӣ дар дидори ҷудогона боа Носир Ҷуда, ҳамтои урдунии худ дар Рум эълом кард, ки ин кишвар ба талошҳои сурат гирифта барои барқарории як давраи интиқолӣ дар Сурия кумак хоҳад кард.
Оқои Керрӣ гуфт: “Вазири хориҷаи Урдун ба мо ҳамкорӣ хоҳад кард, то талош кунем ҳамаи тарафҳои даргир дар Сурияро бар сари мизи музокира биёварем, то бар асоси ризояти тарафайн давлати интиқолии ин кишвар ташкил шавад. Ин ба таври мушаххас ба ин маънӣ аст, ки ҳадди ақал аз назари мо, ки Башор Асад нақше дар давлати интиқолӣ нахоҳад дошт.”
Оқои Керрӣ ҳамчунин бо ишора ба тавофуқи Омрико ва Русия барои баргузории як гирдиҳамоии байналмилалӣ барои баррасии вазъи Сурия, мавзеъи Кремлинро ҳойизи аҳамият донист.
Русия ва Омрико тавофуқ кардаанд, ки бо баргузории як конфаронси байналмилалӣ заминаҳои ташкили як давлати интиқолиро дар Сурия баррасӣ кунанд.
Русия, ки ба унвони яке аз аъзои доимии Шӯрои Амнияти СММ аз ҳаққи вету бархурдор аст, ҳамвора монеъи иттихози тадобири байналмилалӣ барои афзоиши фишор бар ҳукумати Башор Асад шуда буд.
