Интиқоди Омрико аз ирсоли таслиҳоти Русия ба Сурия

  • 18 Май, 2013
Яхонт
Image caption Рӯзномаи Ню Йурк Тоймз (New York Times) ҷумъа гузориш кард, ки Русия як маҳмула аз мушакҳои зиддикиштии Яхонтро дар ихтиёри ҳукумати Сурия қарор додааст.

Женерол Мортин Демпсӣ фармондеҳи Ситоди муштараки нерӯҳои мусаллаҳи Омрико рӯзи ҷумъа дар як конфаронси хабарӣ аз иқдоми Русия, ки ба талоши муштараки ин кишвар ва Иёлоти Муттаҳида барои поёни хунрезӣ дар Сурия осеб мезанад интиқод кард.

Ба гуфтаи женерол Демпсӣ ин тасмими ҳукумати Башор Асадро “ҷасуртар” мекунад ва боъиси тӯлонитар шудани бӯҳрон мешавад.

Рӯзномаи Ню Йурк Тоймз (New York Times) ҷумъа гузориш кард, ки Русия як маҳмула аз мушакҳои зиддикиштии Яхонтро дар ихтиёри ҳукумати Сурия қарор додааст.

Ҳамзамон Фаронса бо ширкати Эрон дар як конфронси байналмилалӣ, ки қарор аст моҳи оянда барои баррасии роҳҳои поёни хушунатҳои Сурия баргузор шавад мухолифат кардааст.

Вазирони хориҷаи Русия ва Омрико ҳафтаи гузашта тавофуқи худро барои баргузории ин конфронс эълом карда буданд.

Русия хоҳони ширкати Эрон дар ин иҷлос шуда буд.

Сергей Лавров вазири хориҷаи Русиягуфтааст, ки кишварҳое ки дорои нақше дар Сурия ҳастанд, аз ҷумлаи Эрон бояд ба ин иҷлос даъват шаванд.

Ҳамзамон Кумисориёи Олии Паноҳандагони СММ аз афзоиши теъдоди паноҳандагони сурӣ ба бештар аз яку ним милюн нафар хабар додааст.

Бар асоси баёнияи ин ниҳод афроде, ки аз ҷанги дохилӣ дар Сурия гурехтаанд, дар Лубнон ва Урдун паноҳ гирифтаанд, вале аз онҷое, ки ҳамаи онҳо ҳануз сабти ном нашудаанд рақами воқеъии паноҳандагон метавонад бештар аз адади эъломшуда бошад.

Бар ин асос чаҳор милюну дусаду панҷоҳ ҳазор овораи дохилӣ низ дар Сурия аз хонаҳои худ гурехтаанд.

Созмони миллал бар ин бовар аст, ки бештар аз 80 ҳазор нафар дар нооромиҳои ду соли гузашта дар Сурия ҷони худро аз даст додаанд.

Матолиби муртабит