Башор Асад: Мушакҳои зиддиҳавоии русиро дарёфт кардаем

  • 30 Май, 2013
Image caption Башор Асад аз "муваффақияти зиёди" нерӯҳои давлатӣ дар баробари мухолифони мусаллаҳ сухан гуфтааст

Раиси ҷумҳури Сурия аз дарёфти мушакҳои зиддиҳавоии пешрафта аз Русия хабар дода ва як мақоми эронӣ гуфтааст, ки давлати ӯ ба таври шифоҳӣ ба иҷлоси ҳалли буҳрони Сурия даъват шудааст.

Рӯзи панҷшанбе, 9 хурдоди (30 май) рӯзномаи лубнонии Алахбор ба нақл аз Башор Асад, раиси ҷумҳури Сурия навишт, ки "нахустин маҳмулаи" мушакҳои замин ба ҳавои рӯсӣ аз навъи С-300 таҳвили артиши Сурия шудааст.

Ба гузориши ин рӯзнома оқои Асад дар мусоҳибае бо шабакаи телевизиюнии Алманор, вобаста ба ҷунбиши Ҳизбуллоҳи Лубнон гуфтааст, ки бақияи мушакҳо низ ба зудӣ ба Сурия хоҳад расид ва афзудааст, ки ба ин тартиб Сурия "билофосила ба ҳар гуна таҷовузи ҷадиди Исроил посух хоҳад дод."

Мушакҳои С-300 аз анвоъи таслиҳоти пешрафтаи зиддиҳавоии сохти Русия аст ва пештар гуфта шуда буд, ки давлати ин кишвар таҳти фишори Иёлоти Муттаҳида ва Исроил аз таҳвили ин таслиҳот ба Сурия мунсариф шудааст, аммо баъдан мақомоти русӣ иҷрои қарордоди фурӯши он ба Сурияро таъйид карданд.

Русия қарордодеро низ барои фурӯши сомонаи мушакҳоии С-300 ба Эрон имзо карда буд, аммо пас аз вазъи таҳримҳои байналмилалӣ алайҳи барномаҳои ҳастаии Ҷумҳурии Исломӣ иҷрои ин қарордодро ба ҳолати таълиқ даровард.

Раиси ҷумҳурии Сурия дар бахши дигаре аз ин мусоҳиба, ки қарор аст машруҳи он баъд аз зуҳри панҷшанбе аз телевизиюни Алманор пахш шавад, гуфтааст, ки ҳеҷ гурӯҳи сӯрӣ, ки хостори вуруд ба ҷанг бо Исроил барои озодсозии баландиҳои Ҷавлон бошад бо мухолифати давлати ӯ рӯбарӯ нахоҳад шуд.

Баландии Ҷавлон бахше аз хоки Сурия аст, ки дар ҷараёни ҷанги шашрӯзаи аъроб ва Исроил дар соли 1967 ба ишғоли Исроил даромад ва монеъи аслӣ бар сари тавофуқи сулҳи байни ду кишвар маҳсуб мешавад.

Ҳукумати Сурия аз ҳамон замон бо истинод ба вуҷуди шароити ҷангӣ ва бо барқарории вазъияти фавқулъода ба эъмоли маҳдудияти фаъолиятҳои сиёсӣ дар ин кишвар рӯй овард, ки аз авомили бурузи эътироз ва буҳрони сиёсӣ дар ин кишвар дар беш аз ду сол пеш буд, ки ҷанги дохилии кунуниро дар пай доштааст.

Дар мавриди ҷанги дохилии Сурия низ оқои Асад гуфтааст, ки нерӯҳои давлатӣ "муваффақияти зиёде" дар баробари мухолифони мусаллаҳ ба даст овардаанд ва тавозуни низомӣ ба нафъи давлат тағйир кардааст.

Image caption Эрон низ қарордоди дарёфти мушакҳои русиро имзо карда буд, аммо ин таслиҳотро дарёфт накард

Дар мавриди гузоришҳои ҳокӣ аз мушорикати нерӯҳои ҷунбиши Ҳизбуллоҳ дар ҷанг алайҳи нерӯҳои зиддидавлатии Сурия Башор Асад гуфт, ки гурӯҳҳо аз нерӯҳои Ҳизбуллоҳ "дар манотиқи марзӣ бо Лубнон" мустақар ҳастанд, аммо афзуд, ки "дар воқеъ ин артиши Сурия аст, ки меҷангад ва набардро алайҳи терруристҳои мусаллаҳ идома медиҳад." Давлати Сурия мухолифони мусаллаҳи худро "террурист" мехонад.

Башор Асад дар айни ҳол Туркия, Арабистони Саъӯдӣ ва Қатарро ба ҳимояти молӣ аз "гурӯҳҳои терруристӣ" муттаҳам кард ва гуфт, ки бо ҳимояти ин кишварҳо садҳазор фарди мусаллаҳ аз кишварҳои арабӣ ва хориҷӣ барои ҷанг бо қувои давлатӣ вориди Сурия шудаанд.

Дар мавриди иҷлоси ҳалли буҳрони Сурия дар Женев мавсум ба "Женев 2" низ ӯ гуфт, ки давлати Сурия "ба сурати усулӣ" тасмим дорад дар ин нишаст ширкат кунад.

Даъвати шифоҳӣ аз Эрон

Иҷлоси Женев ба ибтикори муштараки Омрико ва Русия барномарезӣ шуда ва қарор аст ба зудӣ дар Женев, Суис баргузор шавад. Аз онҷо ки соли гузашта ҳам ҷаласа барои ҳали буҳрони Сурия дар Женев ташкил шуда буд, ба иҷлоси ҷадид , "Женев 2" ном додаанд.

Image caption Абдуллоҳиён даъвати шифоҳӣ дарёфт карда ва мунтазири даъвати катбӣ аст

Илова бар қудратҳои ҷаҳонӣ интизор меравад чанд кишвари таъсиргузори минтақа низ ба ин иҷлос даъват шаванд, аммо ҳануз дар мавриди ҳузури Эрон дар ин иҷлос хабари мувассақе дар даст нест.

Русия аз мушорикати Эрон ба унвони яке аз кишварҳои муртабит бо ин буҳрон ҳимоят карда, аммо давлатҳои ғарбӣ ибрози нигаронӣ кардаанд, ки Эрон ба ҷойи кумак ба пешрафти иҷлоси Женев бо тарҳи мавзуъоти мутафарриқа боъиси бенатиҷа мондани ин иҷлос шавад.

Ин кишварҳо амалкарди намояндагони Эрон дар музокироти ҳастаиро ба унвони намуна зикр кардаанд, дар ҳоле ки мухолифони раиси ҷумҳурии Сурия низ гуфтаанд, ки давлати Эрон муттаҳиди Башор Асад аст ва ҳузури ин кишвар дар иҷлоси Женев мавриде надорад.

Рӯзи панҷшанбе хабаргузории Меҳр изҳороти Ҳусайн Амири Абдуллоҳиён, муъовини арабӣ ва офриқоии вазорати хориҷаро мунташир кард, ки гуфтааст "Аз Эрон барои ҳузур дар Женев 2 шифоҳан даъват шудааст."

Муъовини вазорати хориҷаи Эрон тавзеҳ надодааст, ки чӣ марҷаъе ин даъватро ба амал оварда, аммо бо таъкид бар ин ки ҳанӯз аз Ҷумҳурии Исломӣ даъвати катбӣ сурат нагирифта, гуфтааст "пас аз ин ки даъватномаи катбӣ ба дастамон бирасад, бо дар назар гирифтани дастури кори Женев, дар ин бора тасмим мегирем."

Вай дар айни ҳол гуфтааст, ки Ҷумҳурии Исломӣ ҳаргуна даъвате барои ҳузур дар чунин иҷлосеро "бо диди мусбат” баррасӣ хоҳад кард.

Image caption Женев 1 бо судури баёнияи муштараке кори худро поён дод, аммо ин баёния ба далели таъобири мухталиф аз он ҳаргиз иҷро нашуд

Рӯзи панҷшанбе ба ибтикори Ҷумҳӯрии Исломӣ "иҷлоси байналмилалии Сурия" дар Теҳрон баргузор шуд, ки дар он чанд кишвари хориҷӣ аз манотиқи мухталифи ҷаҳон ва теъдоде афрод ва гурӯҳҳои мухталиф ширкати доштанд, ҳарчанд кишварҳои умдаи таъсиргузор бар буҳрони Сурия ба ин иҷлос наомаданд.

Изҳороти оқои Абдуллоҳиён дар мавриди тамоюли Ҷумҳурии Исломӣ ба ширкат дар нишасти Женев дар ҳоле интишор меёбад, ки мухолифони давлати Сурия ахиран аз ҳузури низомиёни эронӣ дар амалиёти нерӯҳои давлатии Сурия алайҳи мухолифон хабар додаанд.

Чанд рӯз пеш низ бархе расонаҳои омрикоӣ ба нақл аз манобеъе, ки аз онҳо ном набурданд, аз ширкати мустақими низомиёни Ҷумҳурии Исломӣ дар саҳнаҳои набард дар Сурия хабар доданд ва ҳамчунин гуфта шудааст, ки дар Ироқ низ бархе гурӯҳҳои тундрави шиъа ба номнависӣ ва эъзоми нафарот ба Сурия мубодират варзида ва талафоте ҳам мутаҳаммил шудаанд.

Интишори ин гузоришҳо боъиси афзоиши нигаронӣ дар мавриди фирқаӣ шудани буҳрони сиёсӣ ва ҷанги дохилии Сурия ва густариши чунин ихтилофе дар сатҳи минтақаи Ховари Миёна шудааст.

Давлати Эрон ҳамвора иттиҳоми ҳимояти низомӣ аз Сурияро такзиб карда ва хостори ёфтани роҳҳалли сиёсӣ барои ин буҳрон буда, ҳарчанд таъкид доштааст, ки роҳҳалли муносиб бояд шомили идомаи зимомдории Башор Асад бошад.

Матолиби муртабит