Ибрози нигаронии Кумитаи ҷаҳонии салиби сурх аз вазъияти сокинони Қусайр дар Сурия

  • 2 Июн, 2013
хиёбоне аз шаҳри Қусайр
Image caption Cалиби сурх мегӯяд мардуми ин шаҳр ба маводи ғазоӣ, дору ва оби солим ниёз доранд

Кумитаи байналмилалии салиби сурх нисбат ба вазъияти сокинони шаҳри Қусайр дар Сурия ибрози нигаронӣ кардааст.

Қусайр, воқеъ дар наздикии марзи Лубнон, ахиран ба маҳалли даргирии миёни нерӯҳои давлати Сурия, Ҳизбуллоҳи Лубнон ва мухолифони Башори Асад табдил шудааст.

Нерӯҳои давлатӣ ҳафтаҳо аст, ки талош мекунанд ин шаҳри калидиро дар ихтиёри худ бигиранд.

Даргирии ин нерӯҳо шаҳрро ба ҳолати муҳосира дароварда ва Салиби сурхи ҷаҳонӣ мегӯяд ин боъис шудааст, ки мардуми сокини он ба дору, маводи ғазоӣ ва оби солим дастрасӣ надошта бошанд.

Созмони Милали Муттаҳид низ аз тарафҳои даргир хостааст, ки иҷоза диҳанд мардум аз он ҷо фарор кунанд.

Яке аз мухолифон рӯзи ҷумъа ба Би-би-сӣ гуфт, ки ҳануз наздик ба 30 ҳазор нафар дар ин шаҳр гирифтор ҳастанд.

Таъйиди мустақили ин рақам аз суи Би-би-сӣ имконпазир нест.

Кумитаи байналмилалии салиби сурх дар баёнияе эълом кард, ки аз гузоришҳо дар бораи гирифтории мардум дар ин шаҳр бисёр нигарон аст ва нерӯҳояш омодагии онро доранд, ки барои расондани кумак фавран вориди шаҳри Қусайр шаванд.

Роберт Модинӣ, масъули Кумитаи салиби сурхи ҷаҳонӣ дар ин минтақа гуфт: "Ин риск вуҷуд дорад, ки мардум ва афроди захмӣ ҳазинаҳои бештаре барои ин ҷанг, ки ҳамчунон идома меёбад, бипардозанд."

Хабарнигори Би-би-сӣ дар Женев мегӯяд ин ки Созмони Милали Муттаҳид ва Кумитаи ҷаҳонии салиби сурх ҳамзамон баёнияҳои фаврӣ мунташир кардаанд, нишонгари вахим будани вазъият дар ин шаҳр аст.

Дар ин миён ба гузориши хабаргузории Руйтерз Русия бо пешнависи Созмони Милали Муттаҳид барои "эъломи вазъияти нигаронкунанд" дар шаҳри Қусайр мухолифат кардааст.

Барои интишори ин гуна баёнияҳо аз суи Созмони Милали Муттаҳид бояд иттифоқи оро дар бораи он вуҷуд дошта бошад.

Як диплумоти русӣ, ки нахост номаш фош шавад, гуфт кишвараш бо он мухолифат кардааст, чунки "Созмони Милали Муттаҳид дақиқан намедонад, ки чӣ замоне шаҳри Қусайр ба дасти мухолифон афтодааст."

Даргирӣ дар Қусайр аз моҳи пеш шиддат гирифт.

Дар он замон нерӯҳои лубнонии Ҳизбуллоҳ ба кумаки нерӯҳои давлати Сурия рафтанд.

Қусайр ба далели наздикӣ ба марзи Лубнон шаҳре калидӣ барои қочоқи аслиҳа ба дохили Сурия ба шумор меравад.

Ҳамчунин ин шаҳр ба як масири аслӣ наздик аст, ки Ҳумсро ба Димишқ, пойтахти Сурия муттасил мекунад.

Матолиби муртабит