Ҳушдори низомии Башор Асад ба Исроил

  • 31 Май, 2013
Image caption Башор Асад таъйид кард, ки Русия системи дифоъи ҳавоии Эс-300 дар ихтиёри Сурия қарор дода бошад

Раиси ҷумҳури Сурия ҳушдор додааст, ки агар Исроил бори дигар алайҳи кишвараш даст ба ҳамлаи ҳавоӣ бизанад, бо вокуниши низомӣ мувоҷеҳ хоҳад шуд.

Сурия то кунун се ҳамлаи ҳавоӣ дар ҳаволии Димишқ ва нуқоти дигарро ба артиши Исроил нисбат додааст, ки бино бар гузоришҳо аҳдофи бумбороншуда маҳмулаҳои мушакии Эрон ва Сурия барои гурӯҳи Ҳизбуллоҳи Лубнон буданд.

Раиси ҷумҳурии Сурия дар як мусоҳибаи ихтисосӣ бо шабакаи телевизиюнии Ҳизбуллоҳи Лубнон гуфтааст, ки барои ба роҳ андохтани ҷабҳаи дигаре алайҳи Сурия дар баландиҳои Ҷавлон "фишори мардумӣ" вуҷуд дорад

Ӯ гуфт: "Барои боз кардани ҷабҳаи муқовимати ҷадиде фишори мардумии ҷиддӣ вуҷуд дорад."

Баландиҳои Ҷавлон бахше аз хоки Сурия аст, ки дар ҷанги шашрӯзаи аъроб ва Исроил дар соли 1967 ба ишғоли Исроил даромад ва монеъи аслӣ бар сари тавофуқи сулҳи байни ду кишвар маҳсуб мешавад. Исроил ин минтақаи истротежикро бахше аз хоки худ эълом кардааст.

Башор Асад ҳамчунин гуфт, ки Русия ба фурӯши таслиҳот ба Сурия мутаъаҳҳид аст ва ба бахше аз таъаҳҳудоташ дар ин замина амал карда, аммо сароҳатан таъйид накард, ки Русия системҳои дифоъи ҳавоии пешрафтаи Эс-300-ро дар ихтиёри Сурия қарор дода бошад.

Исроил ҳушдор додааст, ки чунин таслиҳоти пешрафтаи зиддиҳавоиро хатаре алайҳи амнияти миллии худ медонад.

Башор Асад гуфт: "Ба тамоми тавофуқҳое, ки бо Русия бар сари паймонҳои таслиҳотӣ дорем, амал хоҳад шуд ва ба бахше аз он то кунун амал шудааст. Мо русҳо ба иҷрои ин паймонҳо идома хоҳем дод."

Image caption Исроил чунин таслиҳоти пешрафтаи зиддиҳавоиро хатаре алайҳи амнияти миллии худ медонад

Мушакҳои Эс-300 аз анвоъи таслиҳоти пешрафтаи зиддиҳавоии сохти Русия аст ва пештар гуфта шуда буд, ки давлати ин кишвар таҳти фишори Иёлоти Муттаҳида ва Исроил аз таҳвили ин таслиҳот ба Сурия мунсариф шудааст, аммо баъдан мақомоти русӣ иҷрои қарордоди фурӯши он ба Сурияро таъйид карданд.

Русия қарордодеро низ барои фурӯши Эс-300 ба Эрон имзо карда буд, аммо пас аз вазъи таҳримҳои байналмилалӣ алайҳи барномаҳои ҳастаии Ҷумҳурии Исломӣ иҷрои ин қарордодро ба ҳолати таълиқ даровард.

Башор Асад ҳамчунин гуфтааст, ки нерӯҳои давлатӣ "мувафаққиятҳои зиёде" дар баробари мухолифони мусаллаҳ ба даст овардаанд ва тавозуни низомӣ ба нафъи давлат тағйир кардааст

Матолиби муртабит