Омрико аз Эрон ва Ҳизбуллоҳ хост аз Сурия хориҷ шаванд

Омрико хостори хуруҷи нерӯҳои низомии Эрон ва Ҳизбуллоҳ аз Сурия шудааст.
Дар пайи тасарруфи шаҳри марзии Қусайр тавассути нерӯҳои давлатии Сурия, давлати Омрико ба маҳкум кардани талафоти низомии ҳамла ба ин шаҳр, аз Эрон ва ҷунбиши Ҳизбуллоҳи Лубнон хостааст, фавран хоки Сурияро тарк кунанд.
Рӯзи гузашта мухолифони мусаллаҳи ҳукумати Сурия таъйид карданд, ки пас аз чанд ҳафтаи набард бо нерӯҳои давлатӣ ва муттаҳидони онон бар тасаллут бар шаҳраки Қусайр, воқеъ дар марзи Сурия ва Лубнон, ин шаҳр суқут кардааст.
Сухангӯи артиши озоди Сурия гуфтааст, ки тасмим ба ақабнишинӣ аз Қусайр пас аз рӯзи мушакборони сангини ин шаҳр тавассути нерӯҳои давлатӣ ва муттаҳидонаш аз дохили хоки Лубнон иттихоз шуд.
Суқути Қусайр хатти тадорукотии мухолифони мусаллаҳи ҳукумати Сурия аз тариқи Лубнонро ба мухотара меандозад ва мавозеъи таҳти тасарруфи онон дар ғарби Сурияро тазйиф мекунад.
Ҷей Корнӣ, сухангӯи дафтари раиси ҷумҳурии Омрико дар баёнияе гуфтааст, ки “Иёлоти Муттаҳида таҳоҷуми режими (Башор) Асад ба шаҳри Алқусайр ва куштори шумори зиёде аз сокинони ғайринизомӣ ва эҷоди фоҷеъаи инсонӣ дар ин шаҳрро башиддат маҳкум мекунад.”
Кохи Сафед аз давлати Сурия хостааст, то фавран имконоти тахлияи захмиҳои ин ҷанг ва дастрасии онон ба хадамоти лозими пизишкиро фароҳам оварад.
Оқои Корнӣ сароҳатан давлати Эрон ва ҷунбиши Ҳизбуллоҳи Лубнонро ба ширкати мустақим дар амалиёти низоми дар Қусайр муттаҳам карда ва гуфтааст “Ҳизбуллоҳ ва Эрон бояд фавран тамомии нафароти худро аз Сурия хориҷ кунанд.”
Сухангӯи Кохи Сафед бо ишора ба гузоришҳои ҳокӣ аз ҳамлаи нерӯҳои ҳавоии Сурия ба шаҳраки Арсол дар Лубнон ин амалиётро ҳам маҳкум кардааст.
Арсол маҳалли истиқрори шуморе аз паноҳҷӯёни ҷанги дохилӣ аст ва дар гузашта ҳадафи мушакпарронӣ аз манобеъи номаълум қарор гирифта буд. Ҷей Корнӣ гуфтааст, ки бумбборони Арсол “таҷовузи ошкор ба тамомияти арзии Лубнон аст ва таҳдиде мустақимро мутаваҷҷеҳи суботи ин кишвар мекунад.”
Вокуниши Эрон ва хатари минтақаӣ
Дар Эрон манобеъи расонаҳои хабарии давлатӣ аз тасарруфи шаҳраки Қусайр тавассути нерӯҳои давлатии Сурия ва хориҷи “терруристҳои мусаллаҳ” аз ин шаҳр истиқбол карданд.
Мақомот ва расонаҳои давлатии Эрон ба тақлид аз давлати Сурия мухолифони ҳукумати ин кишварро “террурист” мехонанд.
Хабаргузории ҷумҳурии исломӣ - ИРНО – ба нақл аз хабарнигори худ дар Сурия гуфтааст, ки “пас аз ду сол торикӣ ва андӯҳ, хуршед дар осмони Сурия бори дигар дурахшид ва таблҳои пирӯзӣ ба садо даромад ва сурудҳои хушбинӣ ва шодии мардум дар манотиқи мухталиф бавижа Димишқ танинандоз шуд.”
Ҷумҳурии Исломӣ ҳукумати Башор Асад дар Сурия ва гурӯҳҳои мухолифи сулҳи фаластиниён ва Исроил аз ҷумла Ҳизбуллоҳро ташкилдиҳандаи “ҷабҳаи муқовимат” мехонад ва ҳимоят аз ононро вазифаи аслии тамоми мусалмонони ҷаҳон қаламдод мекунанд.”
Манобеъи Ҳизбуллоҳ ҳузури нафароти ин гурӯҳро дар Сурия таъйид карда буданд ва дар ҳафтаиҳои ахир аҷсоди чанд шибҳанизомии Ҳизбуллоҳ, ки дар Сурия кушта шуд буданд ба унвони “шаҳид” дар Лубнон ташйеъ ва дафн шуд.
