Артиши Сурия кунтрули шаҳри истротежики Қусайрро дар даст гирифт

  • 5 Июн, 2013
Image caption Шаҳри Қусайр дар даҳкилуметрии марзи Лубнон қарор дорад

Телевизиюни давлатии Сурия ва шӯришиёни мухолифи Башор Асад, раиси ҷумҳури Сурия, мегӯянд нерӯҳои давлатӣ кунтрули комили шаҳри истротежики Қусайрро дар даст гирифтаанд.

Ин шаҳр, ки дар наздикии марзи Лубнон қарор дорад, тайи ду ҳафтаи гузашта шоҳиди даргирии шадид миёни нерӯҳои артиши Сурия ва Ҳизбуллоҳи Лубнон бо шӯришиён буд.

Телевизиюни давлатии Сурия мегӯяд теъдоди зиёде аз шӯришиён дар даргириҳо кушта шуда ва бисёре низ таслим шудаанд.

Шӯришиён гуфтаанд, ки дар пайи ҳамлаи густардаи нерӯҳои давлатӣ даст ба ақибнишинӣ задаанд.

Муъовини вазири умури хориҷаи Эрон дар гуфтугӯ бо ИРНО, хабаргузории расмии ин кишвар "пирӯзии" артишро ба давлат ва миллати Сурия табрик гуфтааст.

Мухолифони мусаллаҳ мегӯянд ҳазорон пайкорҷӯи Ҳизбуллоҳи Лубнон ки аз суи Эрон ҳимоят мешавад дар ҳамалот ба шаҳри Қусайр мушорикат доштанд.

Шиддати даргириҳои ин шаҳр ба ҳадде буд, ки ҳафтаи пеш Салиби сурх нисбат ба вахомати вазъияти инсонии шаҳр ибрози нигаронии шадид кард ва хоҳони кумакҳои фаврӣ ба сокинони ин шаҳр шуд.

Имрӯз женерол Салим Идрис, фармондеҳи Артиши озоди Сурия ба Би-би-сӣ гуфт, ки пайкорҷӯёни Ҳизбуллоҳи Лубнон "дар ҳоли ишғоли" Сурия ҳастанд ва Лубнон ҳеҷ коре барои мутаваққиф кардани онҳо анҷом намедиҳад.

Ин дар ҳоле аст шӯришиёни Сурия худ аз ҳимояти гурӯҳҳои мусаллаҳи салафии суннимазҳаб бархурдоранд, ки аз кишварҳои арабӣ ва ғайриарабии мутафовит барои "ҷиҳод" ба Сурия рафтаанд.

Шаҳри Қусайр дар даҳкилуметрии марзи Лубнон қарор дорад.

Ин шаҳр ба лиҳози тадорукотӣ ҳоизи аҳамияти фаровоне аст.

Image caption Мухолифони мусаллаҳ мегӯянд ҳазорон пайкорҷӯи Ҳизбуллоҳи Лубнон, ки аз суи Эрон ҳимоят мешавад, дар ҳамалот ба шаҳри Қусайр мушорикат доштанд

Қусайр барои нерӯҳои давлатӣ имкони тараддуди байни Димишқ ва минтақаи соҳилии Медитарона дар Сурияро фароҳам мекунад ва аз тарафи дигар мухолифон бо тасхири он метавонанд имкони тараддуди озодона ба Лубнонро дошта бошанд.

Як пайкорҷӯи Ҳизбуллоҳи Лубнон ба хабаргузории Руйтерз гуфтааст, ки "Мо дар соъоти аввалияи субҳ даст ба ҳамлаи ғофилгирона задем ва вориди шаҳр шудем."

Маркази ҳуқуқи башари Сурия мустақар дар Ландан низ дар баёнияе, ки хабаргузории Фаронса онро мунташир карда, гуфтааст, ки пайкорҷӯёни Ҳизбуллоҳи Лубнон кунтрули шаҳри Қусайрро дар даст доранд.

Ҷим Мюр, хабарнигори Би-би-сӣ дар Бейрут мегӯяд ҳануз гурӯҳҳои кучаке аз шӯришиён дар шимоли Қусайр ҳузур доранд, аммо давлат тасарруфи ин шаҳрро як пирӯзии истротежик барои худ медонад.

Ӯ мегӯяд нерӯҳои давлатӣ роҳҳои тадорукотӣ ба манотиқе аз маркази Сурияро, ки дар дасти шӯришиён аст, масдуд хоҳад кард ва мавқеъияти онҳоро тазъиф хоҳад кард.

Хабарнигори Би-би-сӣ меафзояд, ки ин таҳаввулот дар остонаи нишасти сулҳ аз он рӯ ҳоизи аҳамият аст, ки ҳеҷ як аз тарафайн хоҳони он нест, ки дар мавзеи заъф дар ин кунфаронс ширкат кунад.

Қарор аст намояндагони Русия ва Омрико имрӯз дидор кунанд ва торих ва сойири ҷузъиёти ин кунфаронсро мушаххас кунанд. Мухолифон ҳанӯз таъйид накардаанд, ки дар чунин кунфаронсе ширкат хоҳанд кард ё на.

Тибқи омори Созмони Милал дар даргириҳои Сурия то кунун ҳаштод ҳазор нафар кушта шуда ва яку ним миллиюн нафар низ овора шудаанд.

Матолиби муртабит