Созмони миллал: Ҳазорон кӯдак дар Сурия кушта шудаанд
Созмони Миллали Муттаҳид бо интишори гузорише аз кушта шудани ҳазорон кӯдак дар нооромиҳои Сурия хабар додааст.
Ин созмон дар гузориши ҷаҳонии кӯдакон ва муноқишаҳои низомӣ эълом кард, ки нерӯҳои низомии ҳукумати Сурия ва гурӯҳҳои мусаллаҳи мухолиф аз писарон ва духтарони хурдсол ба унвони сипари инсонӣ ё барои бумбгузориҳои интиҳорӣ истифода карданд.
Гузориши СММ рақами болои талафоти кӯдакон дар Сурияро “ғайриқобили таҳаммул” унвон кард.
Ба гуфтаи фиристодаи СММ кӯдакони Сурия бештарин ҳазинаро дар ҷаҳон пардохт кардаанд.
Ин гузориши низомиёни ҳукумати Сурияро ба шиканҷаи кӯдакони мазнун ба иртибот бо мухолифон муттаҳам кардааст.
Созмони миллал гурӯҳҳои мусаллаҳи мухолифи ҳукумати Сурияро низ муттаҳам кардааст, ки кӯдаконро дар амалиётҳои размӣ ба кор мегиранд.
Бар асоси арзёбиҳои расмб бештар аз 80 ҳазор нафар дар даргириҳои ду соли гузаштаи Сурия ҷон бохтаанд ва ҳудуди ду милюн кӯдак низ ба кумаки фаврӣ ниёз доранд.
Қурбониёни ҷангӣ
Гузориши ҷаҳонии “Кӯдакон ва муноқишаҳои низомӣ” ба вазъи кӯдакон дар 21 кишваре пардохта, ки кӯдакон дар он қурбонии хушунатҳои мусаллаҳона ҳастанд.
Феҳристи ноқизони ҳуқуқи кӯдакон дар манотиқи ҷангӣ шомили 55 гурӯҳ дар 14 кишвар аст.
Исмол номи 11 ҳизб ва гурӯҳи ҷадид дар Ҷумҳурии Африқои Марказӣ ва Ҷумҳурии Демукротики Конго ба ин феҳрист изофа шуданд.
Кишвари молӣ ҳам барои аввалин бор ба ин феҳрист изофа шудааст.
Ба гузориши СММ муноқишаи мусаллаҳона дар шимоли Молӣ башиддат бар вазъи кӯдакони ин кишвар ки ниме аз ҷамъияти 15.8 милюннафариро ташкил медиҳанд таъсир гузоштааст.
Бар ин асос аз январи соли 2012 садҳо писари 12 то 15 сола ба василаи гурӯҳҳои мусаллаҳ ба хидмат гирифта шудаанд ва озори ҷинсии духтарони навҷаон низ ба сурати густардае сурат гирифтааст.
Ҳамчунон даҳҳо кӯдак дар даргирии байни низомиёни Фаронса ва артиши Молӣ бо шибҳанизомиёни исломгаро кушта ва маҷрӯҳ шудаанд.
СММ бо ҳизфи номи кишварҳои непол ва Сри Лонко аз феҳристи ноқзони ҳуқуқи кӯдакон дар манотиқи ҷангӣ, аз озод шудани ҳазорон кӯдак ба василаи гурӯҳҳои мусаллаҳ дар соли 2012 хабар додааст.
Бар ин асос барномаҳои муштараке бо баъзе аз гурӯҳҳои мусаллаҳ ва нерӯҳои низомии давлатӣ дар Судони Ҷанубӣ, Миёнмор, Ҷумҳурии Демукротики Конго ва Сумолӣ ба иҷро гузошта шуда, то ба ҷазби сарбозони хурдсол поён дода шавад.
