Кумаки СБМ ба хонаводаи тоҷик барои бозгашт ба ватан
Созмони Байналмилалии Муҳоҷират барои бозгашти як хонаводаи шашнафарии тоҷик ба Тоҷикистон билети парвози Маскав-Душанбе харидорӣ кард.
Аъзои хонаводаи Туйчи Раҳимов дар канори 128 тан аз шаҳрвандони Русия, Молдовӣ, Белорус, Укройн ва Озарбойҷон рӯзи сешанбе 28 май аз Сурия тавассути ҳавопаймои Вазорати умури изтирории Русия ба Маскав оварда шуданд.
Дар ин бора Иброҳим Аҳмадов, сухангуи Идораи муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия ба Би-би-сӣ хабар дод.
Хонаводаи Тӯйчӣ Раҳимов барои харидории билети парвоз аз Русия ба Тоҷикистон пул надоштааст. Дар айни ҳол Туйчи Раҳимов, ҳамсараш Гулхумор Муҳаммадрасулова ва фарзандонашон Фотима, Абубакр, Умар ва Усмон дар меҳмонхонаи "Тоҷикистон"-и шаҳри Маскав ба сар мебаранд.
Оқои Аҳмадов, мугӯяд: “Барои фиристондани ин хонавода аз Москав ба Душанбе мо ба Созмони Байналмилалии Муҳоҷират дар шаҳри Москва мурҷеъат намудем ва бо кумаки молии ин созмон барои шаш узҷи ин хонавода билети ҳавопаймо харидорӣ кардем."
Акнун ин сокинони рустои Дегаии ноҳияи Нурободи Тоҷикистон, ки беш аз се сол дар Сурия ба сар мебурданд рӯзи 12-уми июн ба ватан боз хоҳанд гашт.
Гуфта мешавад, ки қабл аз даргириҳои Сурия дар ин кишвар беш аз 60 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон кору фаъолият доштанд.
Абдулмаҷид Достиев, сафири Тоҷикистон дар Русия аз вазири умури хориҷаи ин кишвар дархост намуд, то барои бозгардонии атбоъи Тоҷикистон аз Сурия ба ватан мусоидат кунад.
