Тӯйчӣ Раҳимов: 'Қатлу куштору даргириҳоро бо чашмонамон дидем'

  • 13 Июн, 2013
Тӯйчӣ ва аъзои хонаводаи вай
Image caption Тӯйчӣ Раҳимов ва хонаводааш тақрибан се сол дар Димишқ, пойтахти Сурия зиндагӣ карданд

Шоми рӯзи чоршанбеи 12 июн Тӯйчӣ Раҳимов, шаҳрванди Тоҷикистон муқими Сурия ва хонаводааш аз Маскав ба Душанбе баргаштанд. Ӯ ва хонуму чаҳор фарзандаш ҷузъи 130 нафар аз шаҳрвандони ҷумҳуриҳои шӯравии собиқ буданд, ки 29 май бо ҳавопаймои вазорати ҳолатҳои фавқуллодаи Русия аз Сурия ба Маскав интиқол дода шуданд.

Тӯйчӣ Раҳимов ва хонаводааш тақрибан се сол дар Димишқ, пойтахти Сурия зиндагӣ карданд ва дар охири моҳи гузашта ба далоили амниятӣ маҷбур ба тарки ин кишвари ҷангзада шуданд.

Хабарнигорамон Сӯҳроби Зиё дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе якҷо бо пайвандону наздикони Тӯйчӣ Раҳимов аз ӯ ва хонаводааш истиқбол карда ва нахуст аз ӯ дар бораи эҳсосоташ пас аз бозгашт ба Тоҷикистон пурсидааст.

- Эҳсоси хурсандӣ ва хушҳолӣ мекунем. Зеро мо аз як кишвари ҷангзада ба Тоҷикистон омадем. Ин ҷо шукри худо амну амонӣ аст. Аммо дар Сурия ҷангҳои хонумонсӯз ва бародаркуш идома доранд, ки мо шоҳиди он будем. Шукр, ки мо аз он ҷо берун шудем ва ба кишварамон баргаштем.

Ҳудудии 16 рӯз тӯл кашид то Шумо ва хонаводаатон аз Маскав ба Душанбе расед. Сабаби таъхир дар бозгашти Шумо чи буд?

- Сабаби аслӣ ин буд, ки барои дастрас кардани билети ҳавопаймо маблағ надоштем. Ташаккур аз сафорати Тоҷикистон дар Маскав, Хадамоти муҷоҷирати Тоҷикистон дар Маскав ва раҳбарони меҳмонхонаи "Тоҷикистон" дар ин шаҳр, ки моро пешвоз гирифтанд ва дар муддати беш аз ду ҳафта меҳмондорӣ карданд ва билохира имкони бозгашти моро ба Ватан фароҳам сохтанд.

Аз номи худам ва хонаводаам ба ҳамаи дастандаркорон изҳори сипос мекунам ва барояшон муваффақияту пешрафт таманно дорам.

Аз Сурия ҳар рӯз хабари маргу қатлу куштор ба гӯш мерасад. Шояд шонси Шумо буд, ки аз миёни ин ҳама ҷангу хунрезӣ зиндаю саломат берун омадед.

- Он чи ки дар дохил аст, камтар аз он чизест, ки дар берун дар бораи он мегӯянд. Дар берун ба истилоҳ аз пашша фил месозанд. Дар он кишвар ҷанг буд, аммо мо дар маркази пойтахти Сурия зиндагӣ мекардем. Шукри худо, мушкилоте барои мо набуд. Вале вақте аз марказ ба шаҳри Лозиқия, дар канори баҳри Миёназамин омадем, қатлу куштору даргириҳоро бо чашмони худ дидем. Барои мо каме хатар дошт. Аммо Шукри Худо сиҳату саломат ба Ватан баргаштем.

Худи Шумо ва хонаводаатон, бахусус бачаҳо осебе надидаед?

- Не шукри худо осеби равонӣ ва ҷисмонӣ надидаем.

Шумо аслан чаро ба Сурия рафтед ва он ҷо машғули чи кор будед?

Image caption Раҳимов: Вақте аз марказ ба шаҳри Лозиқия, дар канори баҳри Миёназамин омадем, қатлу куштору даргириҳоро бо чашмони худ дидем.

Ман ҳуқуқдон ҳастам ва дар риштаи ҳуқуқшиносӣ дар Ҷумҳурии исломии Эрон таҳсил кардаам. Барои такмили ихтисос ба шаҳри Димишқи Сурия рафтам. Бачаҳоям дар мадрасаи ҳукуматӣ дарс хонданд.

Ҳарчанд бо пулу бо сармоя ба Тоҷикистон барнагаштем, аммо шукри худо бо донишу илму фарҳанг ба кишварамон баргаштем.

Дар Тоҷикистон чи кор мехоҳед кунед?

- Мо фарзанди кӯҳистон ҳастем ва дар ноҳияи Нуробод зиндагӣ мекунем. Ният дорем ин ҷо барои халқи худ хидмат кунем. Бачаҳоямон ҳам дар мактаби худашон дар ноҳияи Нуробод ба таҳсилашон идома хоҳанд дод.

Чаро бо таъхир аз фурӯдгоҳ берун шудед? Мушкиле пеш омад?

- Борамон зиёд буд, зеро ҳар чи ки дар Сурия доштем бо худ овардем. Тоҷикистон кишваре ҳаст, ки мушкилоти иқтисодӣ зиёд дорад. Ба ин сабаб, ҳар чи дар зиндагӣ доштем бо худ овардем. Кормандони гумрук ҳамаи онҳоро бозрасӣ карданд ва ин кор каме вақт гирифт.

Ташаккур барои сӯҳбат.

Матолиби муртабит