Маҳкумияти байналмилалии ҳамлаи эҳтимолии шимиёӣ дар Сурия

  • 22 Август, 2013
Image caption Давлати Сурияи иддаъои шӯришиёнро рад карда ва мегӯяд мухолифон дар чандин навбат аз силоҳи шимиёӣ алайҳи мардум ва сарбозон истифода кардаанд

Маҳкумияти байналмилалии ҳамла ба як ҳумаи Димишқ, ки гуфта мешавад аз навъи шимиёӣ буда ва садҳо кушта дар пай дошта, дар ҳоли афзоиш аст.

Бритониё, Фаронса ва Туркия дар садри кишварҳое ҳастанд, ки хоҳони вокуниши байналмилалии қотеъона ба иддаъои ҳамлаи шимиёии рӯзи чаҳоршанбе дар Сурия шудаанд.

Мухолифони давлати Сурия мегӯянд дар ин ҳамла, ки дар наздикии Димишқ сурат гирифта, садҳо нафар кушта шудаанд.

Бритониё хоҳони он шуда, ки бозрасони таслиҳотии Созмони Милал, ки ҳамакнун дар Сурия ҳастанд, ба шакли изтирорӣ ба маҳали ин ҳамла дастрасӣ пайдо кунанд. Ин бозрасон аз рӯзи якшанбеи гузашта ба Сурия рафтаанд, то дар мавриди иддаъои қаблии истифода аз маводи шимиёӣ таҳқиқ кунанд.

Ба ҷуз Бритониё намояндагони 36 кишвари узви Созмони Милал аз ҷумла Омрико ва Фаронса, ки аз мухолифони сарсахти давлати Сурия ҳастанд, низ хостори эъзоми бозрасони вижаи Созмони Милал ба маҳалли ҳодиса шудаанд. Аммо ҳануз аломате ҳокӣ аз он ки бозрасони Созмони Милал иҷоза ёбанд аз маҳалл дидан кунанд, ба чашм намехурад.

Лурон Фобиюс, вазири умури хориҷаи Фаронса гуфтааст агар собит шавад, ки давлати Сурия даст ба ҳамлаи шимиёӣ зада, бояд ба зӯр мутавассил шуд.

Аҳмад Довудуғлу, вазири умури хориҷаи Туркия ҳам, ки аз мухолифони сарсахти давлати Сурия аст, дар дидор аз Олмон гуфтааст, ки тамоми хутути қирмиз дар Сурия нақз шудаанд, вале Шурои Амният қодир ба иттихози тасмим набудааст.

Ён Илёсун, муъовини дабири кули Созмони Милали Муттаҳид гуфтааст, ки иддаъои ҳамалоти шимиёӣ, ки сабаби марги садҳо нафар дар наздикии Димишқ шуда, нишонаи афзоиши ҷиддии сатҳи муноқишот аст.

Аммо вазорати умури хориҷаи Русия гуфтааст иддаъои истифодаи давлати Сурия аз силоҳҳои шимиёӣ, он ҳам дуруст дар замоне ки давлат бозрасони Созмони Милалро дар Сурия пазиро шудааст, метавонад нишонае аз барномарезии қаблӣ барои таҳрики афкори умумӣ алайҳи давлати Сурия бошад.

Шурои Амнияти Созмони Милал пештар хостори шаффофият дар мавриди ҳамлаи шимиёии мавриди иддаъои шӯришиёни мусаллаҳи сурӣ шуда буд.

Давлати Сурия иддаъои шӯришиёнро рад карда ва онҳоро ғайримантиқӣ ва сохтагӣ унвон кардааст. Сурия мегӯяд мухолифони давлат худ дар чандин навбат аз силоҳҳои шимиёӣ алайҳи мардум ва сарбозон истифода кардаанд.

Сурия мегӯяд силоҳҳои шимиёии он кишвар ҳаргиз дар дохили кишвар истифода нахоҳанд шуд ва ин силоҳҳо танҳо барои муқобала бо давлатҳои мутаҷовизи хориҷӣ муҳайё шудаанд.

Дуктур Олекс Какула, устоди муассисаи микрубиюлужии доруӣ дар донишгоҳи Ҳолаи Олмон гуфтааст, шавоҳиди мавҷуд дар яке аз тасовири видиюӣ метавонад нишонаи ҳамла бо як модаи шимиёӣ бошад, аммо беморон ҳеҷ як аворизи ношӣ аз гози сорин ё гози аъсоб надоштанд.

Матолиби муртабит