Башор Асад: Аз пирӯзӣ бар шӯришиён мутмаин ҳастам

  • 1 Август, 2013
Башор Асад
Image caption Башор Асад, раиси ҷумҳури Сурия дувоздаҳ сол пеш ба дунболи марги Ҳофиз Асад, падараш қудратро дар даст гирифт

Башор Асад, раиси ҷумҳури Сурия дар паёме ба муносибати рӯзи артиши ин кишвар гуфтааст, ки ӯ аз пирӯзӣ бар шӯришиёне, ки дар садади сарнагунии ӯ ҳастанд, мутмаин аст.

Оқои Асад дар паёми худ гуфтааст: "Агар мо дар Сурия аз пирӯзӣ мутмаин набудем, ин ирода барои муқовиматро надоштем ва дар муқобили беш аз ду соли таҷовуз наметавонистем давом оварем."

Паёми раиси ҷумҳури Сурия пас аз он содир шуд, ки нерӯҳои артиши Сурия муваффақ шуданд як минтақаи калидӣ дар шаҳри Ҳумсро аз шӯришиён бозпас гиранд.

Моҳи пеш нерӯҳои давлати Сурия амалиёти таҳоҷумии худро барои берун рондани шӯришиён аз шаҳри Ҳумс оғоз карданд.

Артиши Сурия дар ҳумаи шарқии Димишқ, пойтахт ва ғарби шаҳри Ҳалаб дар шимоли он кишвар низ амалиёти худ барои ба ақаб рондани шӯришиёнро пай мегирад.

Башор Асад дар паёми худ гуфтааст, ки ба тавоноиҳои артиш имон ва итминон дорад.

Расонаҳои давлатии Сурия ин паёми раиси ҷумҳури Сурияро мунташир кардаанд.

Оқои Асад дар бахши дигаре аз паёми худ гуфтааст, ки "нерӯҳои артиш дар мубориза бо терурисм аз худ шуҷоъати камсобиқа нишон дода ва ҷаҳонро бо муқовимати худ таҳти таъсир қарор додаанд."

Созмони Милал мегӯяд дар даргириҳои Сурия, ки беш аз ду сол аз шуруъи онҳо гузашта, беш аз як сад ҳазор нафар кушта шудаанд.

Миллиюнҳо нафар аз мардуми Сурия низ овора шуда ва ба кишварҳои ҳамсоя гурехтаанд.

Матолиби муртабит