Мухолифони ҳукумати Сурия: Ҳамлаи шимиёӣ талафоти сангине бар ҷой гузоштааст

Мухолифони ҳукумати Сурия нерӯҳои давлатиро ба корбурди гози саммӣ муттаҳам карданд.
Рӯзи чаҳоршанбеи 21 август гурӯҳи мухолифи ҳукумати Сурия эълом карданд, ки нерӯҳои давлатӣ минтақае воқеъ дар ҳумаи шарқии пойтахтро зери оташи сангин гирифтаанд, ки дар асари он беш аз яксад нафар кушта шудаанд.
Манобеъи мухолифи ҳукумати Сурия ба нақл аз шоҳидони айнӣ гузориш кардаанд, ки дар ин амалиёт гози саммӣ низ ба кор рафтааст ва бархе манобеъи мухолифи давлати Сурия шумори талафоти ҳамалоти рӯзи чаҳоршанберо чандсад нафар гузориш кардаанд.
Ба гуфтаи онон, нерӯҳои давлатӣ ин минтақаро, ки аз манотиқи таҳти ихтиёри нерӯҳои мухолиф аст, аз замину ҳаво зери оташи гулӯлаборони шимиёӣ қарор додаанд, то бо аз миён бурдани мухолифон ин минтақаро ба тасарруфи худ дароваранд.
Дар иртибот бо ин гузориш теъдоде филми видиюӣ дар сойтҳои интернетӣ мунташир шуда ва мунташиркунандагони онҳо гуфтаанд, ки ин филмҳо аз қурбониёни ҳамлаи шимиёии рӯзи чаҳоршанбе гирифта шудааст.
Ин филмҳо ҳовии тасовири такондиҳандае аз аҷсоди шумори зиёде аз афрод, аз ҷумла кӯдаконе аст, ки ба гуфтаи мунташиркунандагони онҳо дар натиҷаи ҳамлаи шимиёӣ ҷони худро аз даст додаанд.
Дар бархе аз ин филмҳо кӯдаконе ҳам дида мешаванд, ки зоҳиран ба хотири истиншоқи гози саммӣ гирифтори ташаннуҷи шадид шудаанд.
Мухолифон гуфтаанд, ки ҳамлаи шимиёии рӯзи чаҳоршанбе теъдоди қобили таваҷҷуҳе захмӣ ҳам дошта, ки дар марокизи дармонии муваққат зери назари пизишкон қарор доранд.
Ба далели маҳдудияти ҳузур ва фаъъолияти расонаҳои байналмилалӣ дар Сурия имкони таъйиди мустақили ин гузоришҳо вуҷуд надорад.
Дар айни ҳол, хабаргузории давлатии Сурия, СОНО, гузориши ҳамлаи шимиёӣ тавассути нерӯҳои давлатиро такзиб карда ва гуфтааст, ки ҳадаф аз интишори чунин гузоришҳое мунҳариф кардани маъмурияти бозрасони эъзомии Созмони Милал аст, ки барои баррасии мавориди корбурди аслиҳаи шимиёӣ дар ҷанги дохилии Сурия ба он кишвар эъзом шудаанд".
Ҳам давлати Сурия ва ҳам нерӯҳои мухолиф якдигарро ба истифода маводди шимиёӣ дар ҷараёни ҷанги дохилӣ муттаҳам кардаанд ва бозрасони Созмони Милал барои баррасии се нуқта аз манотиқи мавриди иддаъои ду тараф иҷозаи сафар ба Сурияро ёфтаанд.
