Оғози таҳқиқоти СММ дар мавриди истифода аз таслиҳоти шимиёӣ дар Сурия

  • 19 Август, 2013
сохтмонҳои тахрибшуда дар ҷанги Сурия

Гурӯҳе аз коршиносони таситҳотии Созмони Милали Муттаҳид (СММ), ки ба Сурия сафар кардаанд, таҳқиқоти худро дар бораи эҳтимоли истифода аз таслиҳоти шимиёӣ дар ҷараёни ҷанг дар ин кишвар оғоз кардаанд.

Қарор аст ин тим дар бораи истифодаи эҳтимолӣ аз гози аъсоби сорин тавассути нерӯҳои давлатӣ ва шӯришиён дар ҷараёни ҷанг таҳқиқоте анҷом диҳад.

Давлатҳои ғарбӣ гуфтаанд шавоҳиди қотеъе мабнӣ бар ин ки нерӯҳои Башор Асад, раиси ҷумҳурии Сурия аз гози аъсоби сорин истифода карданд, вуҷуд дорад.

Гози аъсоби сорин 20 баробар кушандатар аз сиёнур аст ва ба хотири он ки бемазза ва бебӯ ва беранг аст, ташхиси он номумкин аст.

Аммо таҳқиқоти байналмилалӣ дар ин бора пас аз он ки давлати Сурия исрор дошт, ки таҳқиқот танҳо дар яке аз манотиқи хориҷи Ҳалаб сурат бигирад, ба таъвиқ уфтод.

Гуфта шуда ки дар ин минтақа шӯришиён аз гози сорин истифода кардаанд.

Интизор меравад ки ин гурӯҳ дар ҷараёни таҳқиқоташ аз се маҳал боздид кунад.

Давлати Сурия ва шӯришиён ҳар кадом якдигарро ба корбурди силоҳи шимиёӣ муттаҳам кардаанд.

Вазорати хориҷаи Сурия рӯзи гузашта эълом кард, ки бо бозрасон ҳамкории комил хоҳад дошт.

Дар майи соли ҷорӣ Борок Убомо, раиси ҷумҳури Омрико эълом кард, ки кишвараш мадорике дар бораи истифода аз таслиҳоти шимиёӣ дар Сурияро мушоҳида карда, аммо ӯ аз ироаи тавзеҳоти бештар дар ин бора худдорӣ кард.

Истифода аз таслиҳоти шимиёӣ дар Сурия дар моҳҳои ахир борҳо матраҳ шудааст.

Ҳарчанд давлати Сурия истифода аз онҳоро рад кардааст.

Матолиби муртабит