Бозаргони ҳуландӣ ба пардохти ғаромат ба қурбониёни таслиҳоти шимиёии Садом Ҳусайн маҳкум шуд

Як бозаргони ҳуландӣ ба пардохти ғаромат ба қурбониёни ҳамалоти шимиёии режими собиқи Ироқ маҳкум шудааст.
Рӯзи чаҳоршанбе, 4 хурдоди (24 апрел) додгоҳе дар шаҳри Лоҳа дар Ҳуланд Фронс Вон Онрот, шаҳрванди ин кишварро ба пардохти маблағи чаҳорсад ҳазор юру ба шонздаҳ тан аз осебдидагони ҳамалоти шимиёии ҳукумати Саддом Ҳусайн, раҳбари собиқи Ироқ маҳкум кард.
Бар асоси раъйи додгоҳ ҳар як аз шокиёни парванда маблағи бисту панҷ ҳазорюруӣ ғаромат дарёфт мекунад.
Қуззоти додгоҳ Вон Онротро ба далели фурӯши маводи мавриди истифода дар тавлиди таслиҳоти шимиёӣ ба ҳукумати собиқи Ироқ масъули осеби ҷисмӣ ба шокиёни парванда ташхис доданд.
Фронс Вон Онрот пештар ба далели фурӯши ин мавод ба ҳукумати Саддом Ҳусайн байни солҳои 1985 то 1989 ба ҷурми "табонӣ ва ҳамкорӣ" дар иртикоби ҷиноят алайҳи башарият ба ҳафдаҳ соли ҳабс маҳкум шуда ва дар ҳоли ҳозир даврони маҳкумияти худро дар Ҳуланд сипарӣ мекунад.
Ҳалабча
Артиши Ироқ аз ин мавод барои тавлиди гози хардал истифода кард ва онро алайҳи курдҳои мухолиф ва ҳамчунин нерӯҳои эронӣ дар ҷараёни ҷанги Эрон ва Ироқ ба кор бурд.
Дар ҳамлаи шимиёӣ ба минтақаи Ҳалабча дар шимоли ғарби Ироқ дар соли 1988 панҷ ҳазор тан аз курдҳои он кишвар ҷони худро аз даст доданд.
Шокиёни парванда ҳамагӣ аз афроди ғайринизомӣ ҳастанд, ки гуфтаанд дар замони ҳамалоти шимиёии артиши Ироқ дар яке аз шаҳрҳои мавриди ҳамла зиндагӣ мекарданд ва дар асари тамос бо гози хардал ба шиддат осеб диданд.
Фронс Вон Онрот барои нахустин бор дар соли 1989 дар Итолиё боздошт шуд. Боздошти ӯ дар он сол бар асоси ҳукми боздошти байналмилалӣ содир шуда дар маҳокими қазоии Иёлоти Муттаҳида сурат гирифт.
Ӯ тавонист қабл аз истирдод ба Омрико ба Ироқ бигурезад ва чаҳордаҳ соли баъдро бо номи мустаъор дар он кишвар зиндагӣ кард.
Пас аз ҳамлаи нерӯҳои ба раҳбарии Омрико ба Ироқ дар соли 2003 ва суқути ҳукумати Саддом Ҳусайн Франс Вон Онрот ба Ҳуланд бозгашт ва дар декабри соли 2004 дар он кишвар дастгир шуд.
Ин бозаргони собиқи ҳуландӣ аз он замон то кунун дар зиндон будааст.
