Ҳамлаи интиҳорӣ ба фармондеҳии пулиси Текрит дар Ироқ

  • 1 Апрел, 2013

Ҳамлае интиҳорӣ ба як тонкери сӯхт дар мақарри фармондеҳии пулиси Тикрит, дар шимоли ғарбии Бағдод, дастикам панҷ кушта ва чандин захмӣ бар ҷой гузошт.

Хабаргузории Фаронса мегӯяд бештари куштаҳо ва захмиҳо маъмурони пулис будаанд.

Текрит зодгоҳи Саддом Ҳусейн, раҳбари пешини Ироқ будааст.

Ҳарчанд хушунатҳо нисбат ба нуқтаи авҷи он дар солҳои 2006 ва 2007 камтар шуда, аммо дар чандмоҳаи ахир ва бо тадовуми бунбасти сиёсӣ дар Ироқ ҳамалоти бештаре ба вуқӯъ пайвастааст.

Пайкорҷӯёни суннии муртабит ба Алқоъида ҳамалоти худ алайҳи шиъиён ва мақомҳои ҳукуматиро афзоиш додаанд, то давлати умдатан шиъаи Нурӣ Моликиро тазъиф кунанд.

Камтар аз се ҳафтаи дигар интихоботи устонӣ дар Ироқ баргузор мешавад.

Идомаи ҷанги дохилӣ дар Сурия яке авомиле аст, ки ба ташдиди таниш да Ироқ мунҷар шудааст. Мухолифони суннӣ давлати умдатан шиъаи Ироқро ба ҳаводорӣ аз ҳукумати Башор Асад муттаҳам мекунанд., Башор Асад аз ақаллияти алавии Сурия ва аксарияти ҷамъияти ин кишвари суннимазҳаб аст.

Илова бар мухолифатҳои ақаллияти суннӣ бо давлати шиъаи Нурӣ Моликӣ, давлати марказии Ироқ, ихтилофҳое ҳам бо давлати ақаллияти Курдистон дорад.

Матолиби муртабит