Созмони Милали Мутатҳид дар бораи Сурия ҷаласаи фаврӣ ташкил дод

  • 22 Август, 2013

Созмони Милали Мутатҳид дар пайи интишори хабарҳо мабнӣ бар истифода аз силоҳи шимиёӣ дар Сурия як нишасти фаврӣ ташкил дод.

Сухангӯйи Бон Ки-мун, дабири кулли СММ баъд аз ин ҷаласа дар баёнияе гуфт, ки оқои Бон аз шунидани хабарҳо мабнӣ бар истифода аз ин силоҳҳо "шигифтзада" шудааст.

Вай гуфт гурӯҳи таҳқиқотие, ки барои баррасии истифода аз ин силоҳҳо акнун дар Сурия ба сар мебаранд, дар бораи он чи рӯзи чаҳоршане рух дод, низ таҳқиқ хоҳанд кард.

Сухангӯйи оқои Бон гуфт, ки ӯ бодиққат раванди ин таҳқиқот ва он чи дар Сурия рӯй медиҳадро дунбол мекунад. Ӯ дар идома гуфт акнун гурӯҳи таҳқиқотӣ дар ҳоли гуфтугӯ бо давлати Сурия аст.

Пештар рӯзи чаҳоршане мухолифони ҳукумати Сурия нерӯҳои давлатиро ба истифода аз гози саммӣ муттаҳам карданд.

Онҳо гуфтанд дар ин ҳамла чандсад нафар, аз ҷумла теъдоди зиёде кӯдак кушта шуданд.

Теъдоде филми видиюӣ низ дар интернет мунташир шуд, ки мунташиркунандагони онҳо муддаъӣ шуданд, ки қурбониёни ин ҳамларо нишон медиҳанд.

Давлати Сурия истифода аз силоҳи шимиёӣ ва ҳамлаи рӯзи чаҳоршанберо такзиб кардааст.

Кишварҳои мутаъаддиде ҳамлаи рӯзи чаҳоршанберо маҳкум карданд.

35 кишвари узви Созмони Милали муттаҳид номаеро ба имзо расонданд, ки дар он аз гурӯҳи таҳқиқотии ин созмон дар Сурия хоста шуда ба таври дақиқ дар бораи он чи рӯй дода, таҳқиқ кунанд.

Сандуқи Кӯдакони Созмони Милал (ЮНИСЕФ) низ дар баёнияе гузоришҳои мунташиршуда дар бораи теъдоди болои кӯдакони қурбониро "бисёр нигаронкунанда" хонд.

Дар ин баёния омада: "Рафтори ваҳшатноки инчунинӣ бояд ёдоварӣ барои ҳамаи тарафҳо бошад, ки ин даргирии таассуфбор ба андозаи кофӣ идома дошта ва кӯдакон низ беш аз андоза ранҷ кашидаанд. Аз кӯдакон бояд муроқибат шавад ва афроде, ки хилофи ин кор амал кунанд, бояд посухгӯ бошанд."

Теъдоди кӯдакон ва дигар қурбониёни рӯзи чаҳоршанеб ҳанӯз ба таври дақиқ мушаххас нест.

Матолиби муртабит