Раиси ситоди артиши Омрико "гузинаҳои дахолати низомӣ дар Сурия" - ро шарҳ дод

Раиси ситоди муштараки артиши Омрико табаъот ва ҳазинаи гузинаҳои мухталифи мудохилаи низомӣ дар Сурияро шарҳ додааст.
Женерол Мартин Демпси дар гузорише, ки ба Кумитаи нерӯҳои мусаллаҳи сенои Иёлоти Муттаҳида ирсол карда, гуфтааст, ки дар сурати судури дастури раиси ҷумҳурии Омрико артиши ин кишвар омодагии онро дорад, то иқдомоти мухталифи низомиро дар ҳимоят аз мухолифони мусаллаҳи ҳукумати Сурия ба иҷро бигзорад.
Ин гузориш дар посух ба суолоти ду тан аз кумитаи Кумитаи нерӯҳои мусаллаҳи сено таҳия шуда, ки бо ирсоли номае ба раиси ситоди муштарак назари ӯро дар мавриди дахолати низомии Иёлоти муттаҳида дар Сурия ҷӯё шуда буданд.
Гузориши женерол Демпси нишон медиҳад, ки давлати Омрико ҳанӯз дар мавриди дахолати низомӣ дар Сурия тасмими ниҳоиро нагирифтааст.
Ҳафтаи гузашта ин ду узви Кумитаи нерӯҳои мусаллаҳи сено аз ҳар ду ҳизби Демукрот ва Ҷумҳурихоҳ ҳушдор доданд, ки қабл аз мувофиқат бо номзадии женерол Демпси барои як давраи дусолаи дигар дар симати раёсати ситоди муштараки артиш моиланд гузорише аз дидгоҳи ӯ дар мавриди ҳимояти низомӣ аз мухолифони ҳукумати Сурияро дарёфт кунанд.
Ин номаро сенотур Ҷон Маккейн аз ҳизби Ҷумҳурихоҳ ва сенотур Карл Левин аз ҳизби Демукрот барои раиси ситоди муштараки артиш ирсол карда буданд.
Иёлоти Муттаҳида ба таври аланӣ аз мухолифони Башор Асад, раиси ҷумҳурии Сурия ҳимояти сиёсӣ ба амал оварда ва кумакҳои башардӯстонаро низ дар ихтиёри ҷангзадагони сурӣ қарор додааст, аммо то кунун дар мавриди кумаки размӣ ба мухолифони мусаллаҳи ҳукумат таъаҳҳуде накардааст.
Пеш аз ин ҳам гузинаҳои мухталиф дар заминаи ҳимояти размӣ аз мухолифони мусаллаҳи ҳукумати Сурия мавриди баҳс ва баррасии коршиносони Омрико қарор гирифта, аммо гузориши Мартин Демпси аввалин изҳори назари тафсилии як мақоми низомии масъул дар мавриди мудохилаи низомии Омрико дар буҳрони Сурия аст.
Женерол Демпси бо ёдоварии ин ки ҳимояти Иёлоти Муттаҳида аз нерӯҳои мухолифи ҳукумати Сурия то кунун шомили таҷҳизоти низомии "ғайрикушанда" будааст, гузинаҳои дигарро ҳам мавриди баррасӣ қарор дода ва ҳазина ва натоиҷи мутафовити онҳоро ташреҳ кардааст.
Раиси ситоди муштараки артиши Омрико панҷ гузинаи мухталиф дар ҳимоят аз нерӯҳои мухолифи ҳукумати Сурияро ҳамроҳ бо ҳазина, хатароти эҳтимолӣ ва авоқиби сиёсӣ ва низомии онҳо матраҳ кардааст.
Дар як суи тайф, ӯ аз эъзоми мураббӣ ва мусташор барои омӯзиш ва роҳнамоии афроди нерӯҳои мухолиф сухан гуфта ва афзудааст, ки ин иқдом бо хатари камтари даргирии мустақими низомиёни омрикоӣ дар ҷанги дохилии Сурия ҳамроҳ аст ва ҳазинаи он ҳам мумкин аст аз чанд миллиюн дулор таҷовуз накунад.
Гузинаи амалиётӣ
Гузинаи дигари мавриди ишораи раиси ситоди муштараки артиши Омрико ворид кардани "заработи мавридӣ" ба мавозеъ, таҷҳизот ва марокизи ҳассоси нерӯҳои давлати Сурия аст, ба наҳве ки тавоноии онҳо дар иҷрои амалиёти низомӣ алайҳи мухолифони мусаллаҳ ва манотиқи шаҳрӣ мухтал шавад.
Барои ин манзур артиши Омрико метавонад бо истифода аз пойгоҳҳои заминӣ, дарёӣ ва зердарёии худ дар манотиқи наздик ба Сурия нуқоти мавриди назарро ҳадафи мушак қарор диҳад. Ба гуфта Мартин Демпси ҳазинаи истифода аз ин гузина ба навъ ва доманаи ҳамалот ва ҳамчунин муддати замони иҷрои онҳо бастагӣ дорад ва мумкин аст ба чанд милёрд дулор болиғ шавад.
Эҷоди минтақаи парвози мамнӯъ бар фарози Сурия гузинаи дигаре аст, ки дар гузориши раиси ситоди муштараки артиши Омрико матраҳ шудааст.
Дар сурати интихоби ин гузина таҷҳизоти ҳавоӣ ва мушакии Иёлоти Муттаҳида бояд дар марҳалаи аввал имконоти нерӯҳои ҳавоии артиши Сурия, монанди фурудгоҳҳо, пойгоҳҳо ва омодагоҳҳои онро ғайриқобилиистифода кунад ба наҳве, ки ҳавопаймоҳои Омрико битавонанд аз бартарии комили ҳавоӣ бар фарози хоки Сурия бархурдор шаванд ва аз ҳамлаи ҳавоии артиши он кишвар ба нафарот ва мавозеъи нерӯҳои мухолиф аз ҷумла дар манотиқи шаҳрӣ ҷилавгирӣ ба амал оваранд.
Женерол Демпси ҳазинаи аввалияи иҷрои ин гузинаро ҳудуди панҷсад миллиюн дулор ва ҳазинаи иҷрои муассири тарҳи парвози мамнуъро то моҳе як милёрд дулор баровард кардааст ва афзуда, ки ин гузина мумкин аст шомили хисороти моддӣ ва талафоти инсонии эҳтимолӣ ба нерӯҳои Омрико ҳам бошад.
Дар айни ҳол эҷоди минтақаи парвози мамнуъ монеъ аз идомаи амалиёти заминӣ ва мушакии артиши Сурия алайҳи мухолифони мусаллаҳи ҳукумат нахоҳад шуд.
Дигар гузинаи мавриди ишораи раиси ситоди муштараки артиши Омрико эҷоди "минтақаи ҳоил" таҳти ҳимояти низомии Иёлоти Муттаҳида эҳтимолан дар манотиқи марзии Сурия бо Туркия ва Урдун аст, ба наҳве ки нерӯҳои мухолиф битавонанд бидуни хатари ҳамлаи ҳавоӣ ё заминии артиши Сурия ба омӯзиши нафарот ва созмондиҳии амалиёти худ дар ин манотиқ мубодират кунанд.
Ва билохира Иёлоти Муттаҳида метавонад таваҷҷуҳи худро бар назорат ва ҷилавгирӣ аз корбурди таслиҳоти шимиёӣ тавассути артиши Сурия муттамаркиз кунад. То кунун кишварҳои ғарбӣ нерӯҳои суриро ба истифодаи маҳдуд аз аслиҳаи шимиёӣ алайҳи мухолифон муттаҳам карда ва гуфтаанд, ки бо таваҷҷуҳ ба наҳваи рафтори ҳукумати Башор Асад дар ҷараёни ҷанги дохилии Сурия ин эҳтимол вуҷуд дорад, ки нерӯҳои давлатӣ дар сурати мувоҷиҳа бо эҳтимоли шикаст ба истифодаи густарда аз ин навъи таслиҳот алайҳи мухолифони мусаллаҳ ва ҳатто ғайринизомиён дар манотиқи шаҳрӣ мубодират кунанд.
Раиси ҷумҳурии Омрико корбурди аслиҳаи шимиёиро "хатти қирмиз" дар ҷанги Сурия тавсиф карда ва ҳатто давлати Русия низ алайҳи истифода аз ин навъи таслиҳот дар ҷанги дохилии Сурия ҳушдор додааст.
Женерол Демпси дар гузориши худ ёдовар шудааст, ки тавассули Иёлоти Муттаҳида ба "қуввои қаҳрия дар Сурия" амалан ба манзалаи вуруд ба ҷанг аст, ки дар он сурат "иҷтиноб аз даргирии васеътар душвор хоҳад буд" ва тавсия кардааст, ки ҳар гуна тасмиме дар ин замина бо баррасии тамомии ҷавониб иттихоз шавад.
Раиси ситоди муштараки артиш бо таъкид бар ин ки мудохилаи низомии Омрико қатъан ба манзалаи тақвияти тавоноии мухолифони ҳукумати Сурия аст, дар ишорае ғайримустақим ба шароити Афғонистон ва Ироқ афзудааст: "Аз таҷрибаҳои даҳ соли гузашта омӯхтаем, ки мудохила ба манзури тағйир додани тавозуни низомӣ ба нафъи яке аз тарафайн, бидуни таваҷҷуҳ ба фароҳам кардани заминаи фаъолияти як сохтори ҳукуматии коромад, иқдоме кофӣ нахоҳад буд."
