Ҳушдори раиси артиши Бритониё нисбат ба авоқиби бақарории минтақаи парвози мамнуъ дар Сурия

Женерол Девид Ричордз, раиси нерӯҳои мусаллаҳи Бритониё, ки имрӯз бознишаста мешавад, дар мусоҳибае ҳушдор дод, ки барқарории минтақаи парвози мамнӯъ бар фарози Сурия метавонад ба ҷанг мунҷар шавад.
Женерол сер Девид Ричордз дар мусоҳибае, ки имрӯз панҷшанбе 18 июл дар рӯзномаи Дейлӣ телегроф мунташир шуда, гуфтааст, ки барқарории минтақаи парвози мамнӯъ дар Сурия авоқиби хатире ба дунбол хоҳад дошт.
Оқои Ричордз гуфтааст, ки барои таъсир гузоштан бар муҳосиботи давлати Сурия чунин коре кофӣ нахоҳад буд. Раиси нерӯҳои мусаллаҳи Бритониё афзуда, ки барои чунин таъсире бояд ҳамонгуна, ки дар Либӣ анҷом шуд, ба аҳдофе, аз ҷумла дифоъи ҳавоии онҳо ҳамла кард ва онҳоро аз байн бурд.
Женерол Ричордз имрӯз пас аз даҳаҳо фаъолият бознишаста мешавад. Ӯ пеш аз ин фармондеҳии нерӯҳои НОТУ дар Афғонистонро ҳам ба уҳда бошт.
Бритониё аз шӯришиёни Сурия, ки дар ҳоли ҷанг бо давлати Башор Асад ҳастанд, ҳимоят мекунанд.
Женерол Ричордз ҳамчунин гуфта, ки ба далели моҳияти бархе аз гурӯҳҳои мухолифи Башор Асад ва набуди иттифоқи назари байналмилалӣ дар пеш гирифтани роҳи ҳалли низомӣ кори душворе аст.
Ӯ ба Дейлӣ телегроф гуфт, ки дар сурате ки ҳукумати Башор Асад суқут кунад, нерӯҳои Бритониё барои ҷилавгирӣ аз афтодани силоҳҳои шимиёии Сурия ба дасти Алқоъида ва гурӯҳҳои терруристӣ бояд вориди амал шаванд.
Давлати Бритониё дар моҳи март эълом кард, худравҳои зиреҳӣ ва ҷалиқаҳои зиди гулӯла дар ихтиёри мухолифони мусаллаҳи Сурия қарор хоҳад дод. Бритониё ҳамчунини сойири таҷҳизоти ғайримаргборро дар ихтиёри мухолифон қарор дода ва ба онҳо омӯзиш низ хоҳад дод.
Бархе аз намояндагони маҷлиси Бритониё аз ин ки ин кишвар даст ба дахолати низомӣ дар Сурия бизанад, ибрози нигаронӣ кардаанд.
Уилиём Ҳейг, вазири умури хориҷаи Бритониё гуфтааст, дар сурате ки давлат тасмим бигирад силоҳ дар ихтиёри шӯришиён қарор диҳад, намояндагони порлумонро пеш аз ин иқдом дар ҷараён хоҳад гузошт.
Дар миёни кишварҳои ғарбӣ ин нигаронӣ вуҷуд дорад, ки силоҳҳои ирсолӣ ба дасти гурӯҳҳои ҷиҳодӣ ва исломгарои ифротӣ биафтад.
Дар хушунатҳои Сурия то кунун беш аз сад ҳазор нафар кушта шудаанд. Миллиюнҳо нафар аз мардуми Сурия низ овора шуда ва ба кишварҳои ҳамсоя гурехтаанд.
