Бумбгузорӣ дар Димишқ 13 кушта бар ҷой гузошт

  • 15 Июл, 2013
пайкорҷӯёни сурӣ
Image caption Даргириҳо байни нерӯҳои давлатии Сурия ва пайкорҷӯён ҳамчунон идома дорад

Инфиҷори бумб дар шимоли Димишқ, пойтахти Сурия ба кушта шудани дастикам 13 нафар мунҷар шуда, ки 10 нафари онҳо аз нерӯҳои пулис будаанд.

Ба гуфтаи Дидабони ҳуқуқи башари Сурия, ки маркази он дар Ландан аст, ин бумб ки дар як худрав кор гузошта шуда буд, тайи шаби гузашта дар наздикии як маркази пулис дар шаҳри Дер Атия мунфаҷир шуд.

Хабаргузории давлатии Сурия, СОНО зимни таъйиди ин ҳамла "терруристҳо"-ро омили ин бумбгузорӣ муаррифӣ кард.

Ин инфиҷор дар ҳоле сурат гирифта, ки артиши Сурия дар талош аст, то навоҳии атрофи Димишқро бори дигар дар ихтиёр бигирад.

Ба гуфтаи хабарнигорон шӯришиён аз ин манотиқ барои партоби хумпора ба суи мавозеъи давлат дар қалби пойтахт истифода мекунанд.

Дар ҳамин ҳол гузоришҳо аз шиддат гирифтани даргириҳои байни пайкорҷӯёни исломгаро ва мухолифони вобаста ба Артиши озоди Сурия дар шаҳри Ҳалаб ҳикоят дорад.

Ин даргириҳо ба дунболи террури Камол Ҳаммомӣ, яке аз фармондеҳони аршади Артиши озоди Сурия дар шаҳри Лозиқия тавассути исломгароёни тундрав дар ҳафтаи гузашта шиддат гирифтааст.

Байни гурӯҳҳои мусаллаҳи мухолифи давлати Сурия, ки аз ҳимояти Ғарб ва кишварҳои арабӣ бархурдоранд ва гурӯҳҳои мавриди ҳимояти исломгароён кашмакаши шадиде буруз кардааст.

Ба гуфтаи хабарнигорон кушта шудани оқои Ҳаммомӣ нишондиҳандаи афзоиши таниш дар суфуфи касоне аст, ки барои сарнагунии режими Башор Асад бо нерӯҳои давлатии Сурия дар ҷанг ҳастанд.

Пайкорҷӯёни Толибони Покистон

Дар таҳаввуле дигар дар мавриди Сурия Толибони Покистон рӯзи гузашта (якшанбеи 14 июл) ба хабаргузории Руйтерз гуфт, ки "садҳо" пайкорҷӯро ба Сурия эъзом кардааст.

Дар ҳамин робита яке аз фармондеҳони аршади Толибони Покистон гуфт, ки эъзоми ин нерӯҳо ба дархости "кишварҳои дӯсти араб" сурат гирифта ва ин афрод урдугоҳҳо дар Сурия барпо кардаанд.

Созмони Милали Муттаҳид эълом карда, ки аз замони бурузи даргириҳо дар Сурия дар соли 2011 беш аз 90 ҳазор нафар ҷони худро аз даст додаанд.

Ин дарҳоле аст ки беш аз 1,5 миллиюн нафар барои фирор аз ин даргириҳо маҷбур ба тарки хонаҳояшон шудаанд.

Матолиби муртабит