Ҳамла дар маҳаллаи масеҳинишини Димишқ талафоте бар ҷой гузошт

Дастикам чаҳор нафар дар яке аз маҳаллаҳои масеҳинишини Димишқ, пойтахти Сурия дар асари инфиҷоре, ки телевизиюни давлатӣ онро "ҳамлае интиҳорӣ" тавсиф карда, ҷони худро аз даст додаанд.
Ин инфиҷор, ки дар наздикии як калисо рух дод, даҳҳо маҷруҳ низ бар ҷой гузошт.
Манобеъи вобаста ба шӯришиён теъдоди кушташудагон таъйид кардаанд, аммо мегӯянд, ки ин инфиҷор дар асари ҳамла бо хумпора рух додааст.
Баъзе аз гузоришҳо ҳокӣ аз он аст, ки фарди бумбгузор бо бастани камарбанди ҳовии маводи мунфаҷира худро беруни муҳавватаи калисои уртудукси "Марями муқаддас" мунфаҷир кард.
Баъзе аз мағозаҳои атроф низ дар асари инфиҷор садама диданд.
Ҳанӯз ҳеҷ фард ё гурӯҳе масъулияти ҳамларо напазируфтааст.
Аз замони оғози нооромиҳо дар марти соли 2011 хабарҳои мутадовим, аммо таъйиднашуда мабнӣ бар аъмоли хушунат алайҳи масеҳиён дар Сурия гузориш шудааст.
Гуфта мешавад масеҳиён дар Сурия ҳудудан даҳ дарсади ҷамъиятро ташкил медиҳанд, аммо бо вуҷуди ақаллияти будан аз дер боз ҷузъи ақшори нухбаи ҷомеъаи Сурия ба шумор мерафтанд.
Масеҳиёни Сурия дар ибтидои бурузи мухолифатҳо алайҳи Башор Асад аз ҷабҳагирӣ худдорӣ мекарданд, аммо ба тадриҷ аз суи ҳар ду тараф ба даргирӣ кашида шуданд.
