Вазири умури хориҷаи Сурия: Мусаллаҳ кардани шӯришиён кори хатарноке аст

  • 24 Июн, 2013
Шӯришии Сурия

Валид Муъаллим, вазири хориҷаи Сурия тасмими кишварҳои арабӣ ва ғарбӣ дар мусаллаҳ кардани шӯришиёни ин кишварро хатарнок тавсиф карда ва гуфтааст, ки ин иқдом танҳо боъиси тӯлонӣ шудани ин буҳрон ва густариши хушунатҳо мешавад.

Гурӯҳе аз кишварҳои ғарбӣ ба ҳамроҳи кишварҳои арабӣ ва Туркия, ки аз мухолифони Башор Асад, раиси ҷумҳури Сурия ҳимоят мекунанд, эълом кардаанд, ки тасмими онҳо мабнӣ бар мусаллаҳ кардани шӯришиён танҳо бо ҳадафи барқарории тавозун дар ҷанги байни нерӯҳои давлатӣ ва мухолифон сурат гирифтааст.

Оқои Муъаллим, ки имрӯз ( душанбеи 3 тирмоҳ, 24 июн) дар кунфаронсе хабарӣ суҳбат мекард, гуфт: "Онҳо мегӯянд, ки мусаллаҳ кардани шӯришиён бо ин ҳадаф сурат мегирад, то музокироти сулҳи Женев муваффақиятомез бошад. Ҳол он ки мусаллаҳ кардани мухолифон монеъе дар ҷиҳати анҷоми ин музокирот хоҳад буд, мусаллаҳ кардани мухолифон танҳо ба кушта шудани шумори зиёде аз мардум мунҷар хоҳад шуд."

Оқои Муъаллим дар бахши дигаре аз суханонаш гуфт:" Мо ба Женев намеравем, ки қудратро ба тарафи дигар вогузор кунем. Ба ҳар касе ки чунин тасаввуре дорад, насиҳат мекунам, ки ба Женев наравад."

Вазири хориҷаи Сурия таъкид кард: "Мо барои мушорикат ва ташкили давлати ваҳдати миллӣ ба Женев меравем."

Ӯ афзуд агар мухолифон интизор доранд ва ё тасаввур мекунанд, ки метавонанд қудратро дар ихтиёр бигиранд, "фикр мекунам бояд солҳо дар интизори чунини тасаввуре бошанд."

Ҳанӯз торихи дақиқе барои баргузории музокироти сулҳ, ки ба ибтикори Русия ва Омрико қарор аст дар Женев баргузор шавад, эълом нашудааст.

Вазири хориҷаи Сурия дар бахши дигаре аз суханониаш гуфт дар сурати баргузории ин музокирот бояд оташбаси байни тарафайн барқарор шавад.

Ӯ гуфт, ки мақомот дар Димишқ омода ҳастанд, то дар бораи наҳваи назорат бар ин оташбас баҳс ва музокира кунанд.

Матолиби муртабит