Иҷлоси вазирони хориҷаи кишварҳои ҳомии мухолифони Асад оғоз шуд

  • 22 Июн, 2013
Ҳалаб
Image caption Дар шаҳри Ҳалаб, ки охирин дижи аслии мухолифони Башор Асад аст, набарди сангин идома дорад

Вазирони умури хориҷаи кишварҳои узви гуруҳи “Дӯстони Сурия”, ки аз қиём алайҳи Башор Асад ҳимоят мекунанд, имрӯз, шанбеи 22-уми июн дар Доҳа, пойтахти Қатар даври ҳам ҷамъ шудаанд.

Эҳтимол меравад, ки вазирони умури ин кишварҳо дар бораи мавзӯъи ирсоли силоҳ барои шуришиёни Сурия баҳс кунанд.

Ин шуришиён тайи ҳафтаҳои охир дар саҳнаи набард бо нерӯҳои давлатии Сурия мутаҳаммили чанд мавриди шикаст шудаанд.

Аз замоне, ки Омрико барои ҳимояти низомӣ аз мухолифони давлати Сурия эъломи омодагӣ кард, ин аввалин бор аст, ки вазирони умури хориҷаи гурӯҳи “Дӯстони Сурия” мулоқот мекунанд.

Омрико ин тасмимро пас аз он гирифт, ки гуфт, шавоҳиде ҳокӣ аз мавориде аз ҳамалоти шимиёӣ тавасути давлати Сурия алайҳи мухолифон дар даст дорад.

Шуришиёни Сурия рӯзи ҷумъаи 21-уми июн гуфтаанд, ки силоҳҳои тозае дарёфт кардаанд, ки метавонанд, “тағйироте” дар ҷанги дохилӣ эҷод кунанд.

Аммо яке аз сухангуёни “Артиши озоди Сурия” аз гурӯҳи аслии мухолифи Башор Асад гуфт, ин силоҳҳоро Омрико нафиристодааст.

Луӣ Муқдод , сухангӯи Артиши озоди Сурия ба хабаргузории Фаронса гуфт: “Мо миқдоре силоҳи ҷадид аз ҷумла аз анвоъе, ки тақозо карда будем, дарёфт кардем. Силоҳҳое, ки мӯътақидем масири набардро таъғйир хоҳад дод.”

Гурӯҳи Дӯстони Сурия муташаккил аз 11 кишвар аз ҷумла Бритониё, Фаронса, Олмон, Арабистони Саъудӣ ва Туркия аст.

Ба гуфтаи хабарнигорон, чигунагии кумак ба “Артиши озоди Сурия” барои ҳифзи шаҳри Ҳалаб низ аз ҷумлаи масоиле аст, ки дар иҷлоси Қатар матраҳ мешавад.

Ҳалаб охирин дижи аслии шуришиёни мухолифи Башор Асад аст.

Сардабири умури Ховари миёнаи Бӣ-би-сӣ мегӯяд, ки ба лиҳози сиёсӣ, мушкиле ки кишварҳои ҳомии гурӯҳҳои мухолифи Башор Асад доранд, ин аст ки ин гурӯҳҳо дучори тафриқа ҳастанд ва барои ин кишварҳо тасмимгирӣ дар ин маврид, ки аз кадом яке аз онҳо ҳимоят кунанд, рӯз ба рӯз сахттар мешавад. Илова бар он, моҳияти бӯҳрони Сурия ба тарзи фазояндае шакли фирқаӣ ба худ гирифтааст.

Матолиби муртабит