Ихтилоф бар сари Сурия дар гуфтугӯҳои сарони Омрико ва Русия

Руасои ҷумҳури Омрико ва Русия дар тозатарин дидори худ ба ихтилофи ҷиддӣ дар бораи бӯҳрони Сурия изъон (иқрор) карданд.
Борок Убомо ва Владимир Путин, ки дар ҳошияи иҷлоси ҳашт кишвари санъатии ҷаҳон дар Ирлонди шимолӣ бо ҳам мулоқот кардаанд, дар айни ҳол талош кардаанд, алорағми ихтилофоти амиқ, конфронси сулҳи Сурия дар Женевро пеш бибаранд.
Раҳбарони ду кишвар дар пайи дидори дуҷониба таъкид карданд, ҳар ду ба дунболи поёни хунрезиҳо ва хушунат дар Сурияанд.
Пештар кишварҳои узви гурӯҳи ҳашт дар бораи иқтисоди ҷаҳонӣ гуфтугӯ карданд.
Раҳбарони узви ин гурӯҳ муътақиданд, чашмандози иқтисодии ҷаҳон ҳамчунон тира аст ва қарор аст дар шоми кории худ ба ҷуз иқтисод дар бораи вазъияти Сурия гуфтугӯ кунанд.
Мулоқоти Борок Убомо бо ҳамтои русаш дар ҳошияи иҷлоси гурӯҳи ҳашт ду соъат тӯл кашид.
Хабарнигорон мегӯянд, вақте ки ду раҳбар дар пайи дидор бо хабарнигорон гуфтугӯ карданд, чеҳраи ҳарду гирифта ба назар мерасид ва Владимир Путин мураттаб дар ин конфаронси хабарӣ кафи заминро нигоҳ мекард.
Расбари Русия дар ин конфаронси хабарӣ гуфт: “Мавозеъи мо комилан мисли ҳам нест, аммо нияти мо дар поён додан ба хушунат, ҷилавгирӣ аз шумори қурбониён дар Сурия ва ҳалли бӯҳрони аз тариқи мусолиматомез аз ҷумла конфаронси Женев муштарак аст.”
Раиси ҷумҳури Омрико низ гуфт, ҳар ду тараф гурӯҳҳои кории худро маъмур кардаанд, ба талош барои созмондиҳии конфаронси сулҳ дар Женев идома диҳанд.
На гурӯҳҳои шӯришӣ ва на давлати Сурия хоҳир нашудаанд ба чорчуби конфаронси сулҳ пешниҳои Омрико ва Русия дар Суис мутаъаҳҳид шаванд.
Ҳадафи ин конфаронс поён додан ба бӯҳронест, ки тайи беш аз ду соли гузашта ҷони қариб 93 ҳазор нафарро гирифтааст.
“Ҳукумати машруъи Сурия”
Руасои ҷумҳури Русия ва ОМрико тавофуқ кардаанд, ки дар моҳи сентябр дар Маскав дидор кунанд.
Қарор аст раиси ҷумҳурии Омрико ба раҳбарони Гурӯҳи ҳашт биг\яд, кишвараш 300 милюн дулори дигар барои кумак ба оворагон ва беҷошудагонои Сурия ихтисос хоҳад дод.
Дар ҳоле ки Омрико ва кишварҳои Урупоӣ аз шӯришиёни Сурия ҳимоят мекунанд, Русия аз давлати Сурия пуштибонӣ мекунад.
Девид Комерун, нахуствазири Бритониё гуфта, хоҳони нишасте аст, ки “тарафақн битавонанд чашм дар чашми якдигар роҳе аз байни мавонеъ ва мухолифатҳо пайдо кунанд ва ба иродаи сиёсии лозим барои ғалаба бар мушкилот даст ёбанд.”
Рӯзи якшанбе пеш аз оғози расмии иҷлос, Девид Комерун ва Владимир Путин низ бо ҳам мулоқот карданд.
Оқои Комерун баъд аз ин мулоқот гуфт, аз касе пинҳон нест, ки ӯ ва раиси ҷумҳури РУсия дар мавриди Сурия бо ҳам ихтилофи назар доранд, аммо онҳо ҳадафи муштараке ҳам доранд – поён додан ба бӯҳрон.
Путин, раиси ҷумҳури Русия ҳам гуфт, ҳам дасти ҳукумат ва ҳам шӯришиёни Сурия “ба хун олудааст”, аммо кумаки Русия ба ҳукумати “машруъи” Сурия ноқизи ҳеҷ қонуне нест.
