Сурия иддаъои истифода аз таслиҳоти шимиёӣ алайҳи мухолифонро дурӯғ хонд

  • 15 Июн, 2013
Image caption Агарчи Омрико аз мухолифони ҳукумати Сурия ҳимоят мекунад, аммо то кунун танҳо кумакҳои башардӯстона, шомили маводди ғизоӣ ва пизишкӣ дар ихтиёри онон қарор дода буд

Дар пайи тарҳи иттиҳомоти мабнӣ бар истифодаи нерӯҳои давлатии Сурия аз таслиҳоти шимиёӣ алайҳи мухолифон, вазорати умури хориҷии Сурия ин мавзӯъро маҷмуъаи дурӯғҳое хондааст, ки бар мабнои “иттилоъоти ҷаълӣ” матраҳ шудаанд.

Вокуниши давлати Сурия пас аз он анҷом шуд, ки Омрико эълом кард, ки тасмим дорад аслиҳа дар ихтиёри нерӯҳои мухолифи давлати Сурия қарор диҳад.

Дафтари раиси ҷумҳурии Омрико гуфтааст, ки давлати Сурия дар муқобила бо мухолифон аслиҳаи шимиёӣ ба кор бурдааст ва ба ҳамин далел Омрико тасмим дорад, ки барои нерӯҳои мухолифи давлат дар Сурия аслиҳа ирсол кунад.

Пеш аз ин Борок Убомо, раисҷумҳурии Омрико ҳушдор дода буд, ки истифода аз аслиҳаи шимиёӣ дар ҷанги дохилии Сурияро “хатти қирмиз” маҳсуб мекунад.

Аммо вазорати умури хориҷаи Сурия давлати Омрикоро ба “дурӯғпардозӣ” муттаҳам карда ва гуфтааст, ки омрикоиҳо дар назар доранд, ки бо ин баҳона дар ҷанги дохилии Сурия мудохила кунанд.

Вазорати умури хориҷаи Сурия бори дигар шӯришиёни мухолифи давлатро ба истифода аз аслиҳаи шимиёӣ муттаҳам ва изофа кард, ки “кохи Сафед бо иттилоъоти ҷаълӣ дар назар дорад давлати Сурияро масъули корбурди аслиҳаи шимиёӣ муъаррифӣ кунад, ҳол он ки гурӯҳҳои теруристӣ ин таслиҳотро ба кор бурдаанд.”

Давлати Сурия нерӯҳои мухолифи худро “терурист” медонад.Агарчи Омрико аз мухолифони ҳукумати Сурия ҳимоят мекунад, аммо то кунун танҳо кумакҳои башардӯстона, шомили маводди ғизоӣ ва пизишкӣ дар ихтиёри онон қарор дода буд.

Гуфта мешавад, ки илова бар теъдоде аз шахсиятҳои сиёсии мухолифи Борок Убомо, бисёре аз мақомоти аршади дават, аз ҷумла Ҷон Керрӣ, вазири хориҷа ҳам аз кумаки таслиҳотӣ ба мухолифони ҳукумати Сурия ҳимоят мекунанд, аммо оқои Убомо дар ин маврид тардид дошт.

Ба гуфтаи коршиносчон дар ин марҳила интизор меравад, ки кумаки Омрико ба мухолифони ҳукумати Сурия шомили аслиҳаи сабук, монанди туфанги ҷангӣ ва норинҷакандози зиддитонк бошад ва зоҳиран барномае барои ирсоли таслиҳоти пешрафта вуҷуд надорад.

Салим Идрис, фармондеҳи артиши озоди Сурия – нерӯи аслии мухолифи ҳукумати он кишвар – аз тасмими давлати Омрико истиқбол карда, аммо хостори таслиҳоти сангини зиддиҳавоӣ ва зиддитонк шудааст.

Артиши Сурия ба таври густарда аз нерӯҳои ҳавоӣ ва воҳидҳои зиреҳӣ дар ҷанг бо мухолифон истифода кардааст.

Дабири кулли НОТУ ҳам дар суханоне дар рӯзи ҷумъа гуфт, ки ҷомеъаи байналмилалӣ тасреҳ карда буд, ки корбурди аслиҳаи шимиёӣ дар Сурия “комилан ғайриқобилиқабул ва нақзи ошкори қавонини байналмилалӣ аст.”

Вай аз тасмими Омрико истиқбол карда ва аз давлати Сурия хост, ки ба коршиносони Созмонии Миллали Муттаҳид иҷоза диҳад, ки барои баррасии ахбори марбут ба корбурди аслиҳаи шимиёӣ ба он кишвар сафар кунанд.