Боздиди Ҳасан Насруллоҳ аз шаҳри Қусайри Сурия

Шоҳидони айнӣ ба Би-би-сии форсӣ гуфтанд, ки Саййид Ҳасан Насруллоҳ дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон шахсан ба шаҳри Қусайр дар Сурия рафта ва аз афроди Ҳизбуллоҳ, ки дар ин шаҳр ва атрофи он бо нерӯҳои мухолифи низоми Сурия меҷанганд, боздид кардааст.
Саййид Ҳасан Насруллоҳ солҳо аст, ки дар хафо зиндагӣ мекунад ва ба нудрат дар анзори умумӣ дида шудааст.
Алӣ Ҳошим, хабарнигори лубнонӣ, ки барои пӯшиши ахбори Қусайр ба ин шаҳр сафар кардааст, ба Би-би-сии форсӣ гуфт: "Шанбеи гузашта (15 июн) васати хиёбони аслии шаҳр истода будам, ки худрави бузурги сиёҳи рангӣ аз канорам рад шуд, дидам Саййид Ҳасан Насруллоҳ дар сандалии канори ронанда нишаста, аммома ба сар надорад ва либоси низомӣ ба тан карда аст. Ба ман лабханд зад ва сар такон дод."
Манобеъи наздик ба Ҳизбуллоҳ мегӯянд, ки ин нахустин дидори Саййид Ҳасан Насруллоҳ набуда, балки ӯ як рӯз пеш аз он ки муҳосираи Қусайр оғоз шавад, ба атрофи ин шаҳр рафта ва бо фармондеҳон ва чанд тан аз нафароти захмии Ҳизбуллоҳ дидор карда ва дар ҷамъи афроди Ҳизбуллоҳ дар онҷо суханронӣ кардааст.
Ба гуфтаи ин манобеъ оқои Насруллоҳ ҳамчунин як бор ҳам пас аз ин ки Қусайр ба тасхири Ҳизбуллоҳ ва артиши Сурия даромад, ба ин шаҳр ва рустоҳои атрофаш рафта ва аз нафароти Ҳизбуллоҳ дар онҷо боздид кардааст.
