Русия: Мухолифони Башор Асад аз гози шимиёӣ истифода кардаанд

  • 10 Июл, 2013
Image caption Русия мегӯяд далоили кофӣ вуҷуд дорад, ки нерӯҳои мусаллаҳи мухолиф аз силоҳи шимиёӣ истифода кардаанд

Давлати Русия мегӯяд шавоҳиде дорад, ки нишон медиҳад дар ҳамла ба рустое дар шимоли Сурия гози шимиёии сорин истифода шудааст ва ба эҳтимоли зиёд ин ҳамларо шӯришиён сурат додаанд.

Рӯзи душанбеи 9 июл Виталий Чуркин, намояндаи доимии Русия дар Созмони Милал, ба гузоришгарон гуфт ин ёфтаҳо натиҷаи таҳқиқоти мустақиле ба дархости ҳукумати Сурия будааст.

Ҳукумати Башор Асад ва шӯришиёне, ки алайҳи он меҷанганд, якдигарро ба истифода аз силоҳи шимиёӣ муттаҳам мекунанд.

Ҳамлаи мавриди ишораи Русия рӯзи 19 марти гузашта ба рустои Хонуласал дар ҳаволии Ҳалаб сурат гирифт ва дастикам 27 кушта ва маҷруҳ боқӣ гузошт.

Далоили кофӣ аз даст доштани шӯришиён

Ба гуфтаи сафири Русия дар Созмони Милал, коршиносони ин кишвар аз маҳалли исобати мушак боздид ва намунабардорӣ кардаанд ва ин намунаҳо дар як озмоишгоҳи Русия, ки мавриди таъйиди Созмони манъи силоҳҳои шимиёӣ аст, баррасӣ шудаанд.

Оқои Чуркин гуфта, ки тибқи ин ёфтаҳо моддаи шимиёӣ бо мушаки “Башоир 3” партоб шудааст. Ин мушак сохтаи гурӯҳи низомии Башоир Алнаср, аз гурӯҳҳои шӯришии муртабит бо “Артиши озоди Сурия” аст.

Image caption Гози аъсоби сорин 20 баробар кушандатар аз сиёнур аст

Ба гуфтаи Русия муҳиммоти истифодашуда дар ҳамла ба Хонуласал ба таври санъатӣ тавлид нашуда буданд ва мушаки партобӣ ҳам дар асл барои гози шимиёӣ сохта нашудааст.

Ба ҳамин хотир "далоили кофӣ барои ин вуҷуд дорад, ки қабул кунем нерӯҳои мусаллаҳи мухолиф будаанд, ки ин силоҳи шимиёиро дар Хонуласал истифода кардаанд."

Виталий Чуркин гуфтааст, ки ин гузориш ба Бон Ки-мун, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид ҳам ироа шудааст. Пештар сухангӯйи оқои Бон гуфта буд "ҳама иддаъоҳои мувассақро ба таври ҷиддӣ баррасӣ мекунад."

Дархост барои боздиди коршиносон аз Сурия

Дар моҳи гузаштаи мелодӣ Кумитаи мустақили таҳқиқоти байналмилалӣ, вобаста ба Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони Милал гуфт нишонаҳои мустанад вуҷуд дорад, ки ҳамчун се ҳамлаи дигар “мақодири маҳдуде аз маводди шимиёии кушанда" дар Хонуласал истифода шудааст.

Гузориши ин кумита дар айни ҳол изофа карда буд: "Ташхиси дақиқи модаи шимиёии истифодашуда, равиши партоб ва ҳамин тавр шилликкунандаи он мумкин нест."

Кумитаи мустақили таҳқиқоти байналмилалӣ ҳамчунин аз мақомоти Сурия хост иҷоза диҳанд гурӯҳе аз коршиносони силоҳи шимиёӣ аз тарафи Созмони Миалали Муттаҳид вориди ин кишвар шавад.

Ба хотири ихтилоф дар бораи дастрасӣ ба манотиқе, ки Бритониё ва Фаронса ҳам хостори таҳқиқот дар онҳо шудаанд, Димишқ то кунун ин дархости бозрасиро напазируфтааст.

Бритониё ва Фаронса дар моҳи марти гузашта номаҳое ба дабири кулли Созмони Милал навиштанд, ки ҷузъиёте аз мадорики мубтанӣ бар мусоҳиба бо шоҳидони айнӣ ва намунабардорӣ аз хокро ироа медод.

Гузоришҳои Бритониё ва Фаронса мегӯянд дар мавориди мутаъаддиде дар даргириҳои Сурия, аз ҷумла дар Хонуласал, силоҳи шимиёӣ истифода шудааст.

Дар моҳи июн Иёлоти Муттаҳида ҳам гуфт, ки ниҳодҳои иттилоъотиаш муътақиданд нерӯҳои давлатии Сурия "дар миқёси кучак ва дар мавориде мутаъаддид дар соли гузашта" аз силоҳи шимиёӣ, аз ҷумла сорин алайҳи мухолифон истифода кардаанд.

Матолиби муртабит