Туркманистон ҳузури атбоъи худ дар миёни шӯришиёни суриро рад кард

  • 14 Июл, 2013

Вазорати хориҷаи Туркманистон бо интишори хабарномае гузоришҳо дар бораи ҳузури атбоъи ин кишвар дар миёни шӯришиёни мухолифи давлати Сурияро рад кардааст.

Дар ин нома омадааст ба таърихи 23 ва 24 июн конолҳои телевизиюнии Русия ва Русия 24 бо такрор гузорише зери унвони "Ҷиҳод дар Сурия мухолифонро ба тундрав табдил мекунад" пахш кардаанд.

Ин вазорат мегӯяд дар ин гузориш саҳнаҳое бо фарде ба номи Равшан Газаков нишон дода шудаанд, ки иддаъо шуда табаъаи Туркманистон аст.

Вазорати хориҷаи Туркманистон гуфтааст пахши чунин гузоришҳои бидуни асоси қобили эътимод мутобиқ бо равобити мусбат ва дар ҳоли тавсеъаи миёни Туркманистон ва Русия нест.

Ин вазорат афзудааст, ки ин гузориш нақзи меъёрҳои оддии ахлоқи рӯзноманигорӣ аст ва онро ҷониби Туркманистон талоше барои гумроҳ кардани мардум медонад.

Ин навор, ки тавассути шабакаҳои иҷтимоъӣ дар интернет низ пахш шуд, шуморе аз афродро нишон медиҳад, ки ба дасти артиши Сурия асир уфтодаанд ва иқрор мекунанд, ки атбоъи Туркманистон ҳастанд ва дар наздикии шаҳри Ишқобод, пойтахти Туркманистон омӯзиш дидаанд.

Дар ин навор фарде ки худро Равшан Газаков муъаррифӣ мекунад, мегӯяд ӯ аз Туркманистон ба Истонбул меравад ва сипас аз манотиқии марзии Туркия вориди хоки Сурия мешавад ва дар урдугоҳи муртабит бо Алқоъида бумбгузориро ёд мегирад.