"Нерӯҳои вафодор ба Асад" аъзои гурӯҳи оштӣ дар Ҳумсро куштанд

  • 16 Июл, 2013
Image caption Дар хушунатҳои Сурия то кунун беш аз сад ҳазор нафар кушта шудаанд

Гузоришҳо аз Сурия ҳокӣ аз он аст, ки гурӯҳе, ки саъй доштанди миёни сунниҳо ва алавиҳо дар устони Ҳумс миёнҷигарӣ карда ва онҳоро ба ҳам наздик кунанд, кушта шудаанд.

Видиюе, ки дар интернет мунташир шуда аҷсоди ин афродро пас аз он ки ба зарби гулӯла кушта шуданд, нишон медиҳад.

Садои рӯйи ин видию асомии афроди кушташударо мехонад.

Сокинони маҳаллӣ ва Маркази назорат бар ҳуқуқи башари Сурия, ки дар Ландан мустақар аст, мегӯянд ин афрод тавассути афроди мусаллаҳи вафодор ба Башор Асад, раиси ҷумҳурии Сурия кушта шудаанд.

Онҳо мегӯянд қурбониён саъй доштанд то сокинони ду шаҳраки суннӣ ва алавинишинро, ки аз ҳафтаи гузашта даргир шуда буданд, оштӣ диҳанд.

Маркази назорат бар ҳуқуқи башари Сурия ҳамчунин гуфтааст, нерӯҳои раиси ҷумҳурии Сурия душанбешаб (15 июл) 9 нафар аз ҷумла як кӯдакро дар ҳумаи Димишқ ба зарби гулӯла куштанд.

Дар тасовири видиюӣ аҷсоди ин афрод дар утоқе нишон дода мешавад ва ба назар мерасад, ки гурӯҳе аз онҳо бо шиллики гулӯла ба сарашон кушта шудаанд.

Дар хушунатҳои Сурия то кунун беш аз сад ҳазор нафар кушта шудаанд. Миллиюнҳо нафар аз мардуми Сурия низ овора шуда ва ба кишварҳои ҳамсоя гурехтаанд.

Матолиби муртабит