Демпсӣ: Тавофуқномаи амниятии Омрико ва Афғонистон то октябр мушаххас шавад

Женерол Мортин Демпсӣ, раиси ситоди муштараки артиши Омрико, дар сафаре ба Кобул гуфта, ки сарнавишти тавофуқномаи амниятии байни Афғонистон ва Омрико бояд то октябри оянда мушаххас шавад.
Оқои Демпсӣ ба дунболи дидор бо Ҳомиди Карзай, раиси ҷумҳурии Афғонистон, дар гуфтугӯе бо хабарнигорон дар сафорати Омрико дар Кобул таъйид кард, ки то пеш аз поёни маъмурияти феълии НОТУ дар Афғонистон масоили марбут ба ин мавзӯъ рӯшан шавад.
Ӯ афзуд: "Аз назари низомӣ моилем аз ҳоло то моҳи октябр дар чаҳорчӯби тавофуқномаи амниятии дуҷониба шинохте рӯшантар аз оянда дошта бошам."
"Чаро мегӯем то октябр? Зеро мо мехоҳем то октябри соли 2014 , яъне тақрибан навад рӯз қабл аз инқизои (анҷоми) маъмурияти феълии НОТУ ва оғози марҳилае, ки НОТУ онро "ҳимояти қотеъ" меномад, чорчӯбе пойдор дар ихтиёр дошта бошем."
Ба ин тартиб, октябри соли 2013 камобеш ҳудуди як сол қабл аз ин таърих аст ва тавсияи ман аз лиҳози низомӣ ин аст, ки бояд талош кунем то ҳудуди як сол монда ба замони пиёда шудани тартиботи ҷадид, то ҳадди имкон вузуҳ ва қатъияти бештаре дар ин замина ба даст оварем."
Аммо дар иттилоъияе, ки аз тарафи дафтари оқои Карзай ба дунболи дидори ӯ бо раиси ситоди артиши Омрико мунташир шуд, омада, ки раиси ҷумҳурии Афғонистон аз омодагии машрути худ барои имзои ин тавофуқнома сухан гуфтааст.
Бар асоси ин иттилоъия, оқои Карзай дар дидор бо оқои Демпсӣ гуфта, ки алоқаманди имзои тавофукқномаи дарозмуддати амниятӣ байни Кобул ва Вошингтун аст, машрут бар ин ки ин тавофуқнома мунҷар ба таъмини сулҳу амният, тақвияти нерӯҳои амниятии Афғонистон шавад ва кишварашро ҳам "нерӯманд ва муттаҳид" кунад.
Гузинаи сифр вуҷуд надорад
Раиси ситоди артиши Омрико ҳамчунин гуфт, ки "гузинаи сифр" ё хуруҷи комили нерӯҳои омрикоӣ аз Афғонистон дар дастури кори ӯ нест.
Пеш аз ин бархе аз расонаҳои омрикоӣ гузориш дода буданд, ки агар тавофуқномаи дуҷонибаи амниятии байни Кобул ва Вошингтун ба имзо нарасад, мақомҳои омрикоӣ дар бораи хуруҷи комили нерӯҳои худ аз Афғонистон фикр хоҳанд кард.
Мортин Демпсӣ гуфт: "Ман гузинаи сифр рӯйи даст надорам. Касе аз ман нахоста, ки барои гузинаи сифр омодагӣ бигирам. Ман гузинаи сифрро тавсия намекунам. Гузинаи сифре вуҷуд надорад."
Ин нахустин сафари раиси ситоди муштараки артиши Омрико ба Афғонистон пас аз таълиқи гуфтугӯҳои чандҷониба дар бораи паймони амниятии миёни ду кишвар аз сӯйи давлати Ҳомиди Карзай аст.
Ба дунболи гушоиши дафтари гурӯҳи Толибон дар Дуҳа, пойтахти Қатар, дафтари оқои Карзай эълом кард, ки ин гуфтугӯҳо ба далели таноқузи миёни гуфтор ва амали Иёлати Муттаҳидаи Омрико дар мавриди раванди сулҳ аз ҷониби Афғонистон ба таълиқ дароварда шуд.
Ҳарчанд оқои Карзай пеш аз он борҳо бар ин амр таъкид дошт, ки гурӯҳи Толибон бояд барои пешбурди гуфтугӯҳои сулҳ нишонии мушаххасе дошта бошад, аммо пас аз гушоиши ин дафтар онро "тавтеъа" хонд.
Як ҳафта пеш Карим Хуррам, раиси дафтари оқои Карзай, гушоиши дафтари Толибон дар Қатарро "тавтеъае барои таҷзияи Афғонистон" хонд, аммо Ҷеймз Конингҳом, сафири Омрико дар Афғонистон, ин изҳоротро "музахраф ва беасос" донист.
Дафтари гурӯҳи Толибон дар Қатар дар ҳоли ҳозир ба сурати муваққат баста аст.
