Нахуствазири Бритониё: Ҷанг дар Сурия ба бунбаст расидааст

Девид Комерун, нахуствазири Бритониё гуфтааст, мумкин аст давлати Башор Асад, раиси ҷумҳури Сурия дар моҳҳои ахир"қавитар" шуда бошад, аммо ҷанг дар он кишвар ба бунбаст расидааст.
Оқои Комерун дар гуфтугӯе бо Би-би-сӣ бар зарурати идомаи талошҳои байналмилалӣ барои ёфтани роҳи ҳалле ҷиҳати хотима додан ба буҳрон дар Сурия таъкид кард.
Ӯ дар ин гуфтугӯ аз Башор Асад ба унвони марде "шарур" ёд кард, ки "иқдомоте ваҳшатнок алайҳи мардумаш" анҷом медиҳад.
Нахуствазири Бритониё дар бахши дигаре аз ин гуфтугӯ бо ишора ба шумори зиёде аз исломгароён дар байни нерӯҳои мухолифи режими Асад гуфт: "Аммо гурӯҳҳои миёнарави мухолиф мустаҳақи кумак ва ҳимоят ҳастанд."
Дар ҳамин ҳол сарони низомии Бритониё нисбат ба хатароти мусаллаҳ кардани гурӯҳҳои шӯришӣ дар Сурия ҳушдор додаанд.
Нерӯҳои давлати Сурия дар моҳҳои ахир муваффақ шудаанд то ибтикори амалро дар саҳнаи ҷанг ба даст бигиранд, ки муҳимтарини ин дастовардҳо тасарруфи муҷаддади шаҳри истротежики Қусайр дар шарқи кишвар дар моҳи гузаштаи мелодӣ аст.
Гузоришҳо ҳамчунин ҳокӣ аст, ки нерӯҳои давлатӣ тавонистаанд бахшҳои зиёде аз шаҳри Ҳумсро бори дигар ба тасарруфи худ дароваранд.
Вошингтун ва Ландан ба дунболи ёфтани роҳҳо барои афзоиши кумакҳои луҷистикӣ ба гурӯҳҳои мухолифи давлати Сурия ҳастанд.
Дар ҳамин росто Бритониё ҳафтаи гузашта эълом кард, ки маҳмулае ҳомили пӯшок барои муҳофизат дар муқобили ҳамалоти шимиёӣ ва биюлужикиро барои мухолифон ирсол кардааст. Арзиши ин маҳмула 650 ҳазор пунд баровард шудааст.
Таҷҳизоти мухолифон ба таслиҳот таҳти таъсири мухолифатҳои сиёсӣ ва афзоиши нигаронӣ дар бораи авоқиби ин иқдом қарор гирифтааст.
Алорағми нигарониҳои Бритониё дар бораи амалкарди баъзе аз гурӯҳҳои мухолиф оқои Комерун гуфт, ки ин вазифаи Бритониё аст, то аз касоне, ки ба дунболи кишваре "демукротик, озодӣ ва мутакассир" ҳастанд, ҳимоят кунад.
