Зарифӣ: "Бархе тоҷикон дар ду ҷабҳаи мухолиф дар Сурия ҳузур доранд"

  • 17 Июл, 2013
Ҳамрохон Зарифӣ
Image caption “Бибинед, ки дар Сурия як қисми тоҷикон зидди ҳукумат ҷанг мекунанд ва як қисми дигаре дар миёни ҷонибдорони давлат ҳастанд.”

Вазири умури хориҷаи Тоҷикистон мушорикати сокинони тоҷик дар муноқишаҳо ва низоъҳои бархе аз кишварҳои арабиро таъйид кард.

Ба гуфтаи Ҳамрохон Зарифӣ дар Миср ҳудуди аз 300 то 500 нафар аз сокинони тоҷик ба сар мебаранд, ки аксари онҳоро ҷавонон ташкил медиҳанд.

Оқои Зарифӣ мегӯяд, ки умдатан ин афрод ба унвони донишҷӯйи донишгоҳҳои исломӣ сафар карда ва иддае аз онҳо солиёни зиёд дар хориҷ машғули таҳсилу зиндагӣ будаанд.

Оқои Зарифӣ дар нишасте матбӯъотии вазорат, ки рӯзи чаҳоршанбеи 17 июл баргузор шуд, дар посух ба суолоти хабарнигорон дар ин маврид гуфт: "Донишҷӯёне, ки гуё барои омӯзиши мазҳаб ба Миср рафта ва бо кумакҳои созмонҳои хайрия дар он донишгоҳҳо таҳсил мекунанд, ҳамроҳ бо аъзои хонаводаашон ба сар мебаранд."

Оқои Зарифӣ афзуд, ки чунин афрод метавонанд ба осонӣ ба тарғиби созмонҳои кумаккунанда дода шуда ва ба ин ё он гурӯҳи тарафи низоъ бипайванданд.

Ҳарчанд оқои Зарифӣ дар мавриди шумори дақиқи сокинони Тоҷикистон, ки ҳоло дар Сурия, кишвари дигари арабӣ, ки макони нооромиҳост, нагуфт, аммо ӯ афзуд: "Бибинед, ки дар Сурия як қисми тоҷикон зидди ҳукумат ҷанг мекунанд ва як қисми дигаре дар миёни ҷонибдорони давлат ҳастанд."

Вазири умури хориҷаи Тоҷикистон бештар аз ин иттилоъеро дар мавриди ширкати сокинон аз Тоҷикистон дар муноқишаҳо дар манотиқи ноороми ҷаҳон дар ихтиёри хабарнигорон нагузошт.

Аммо ин нахустин бор аст, ки як мақоми тоҷик дар мавриди мушорикати атбоъи Тоҷикистон дар нооромиҳои кишварҳои арабӣ изҳори назар мекунад.

Аз сӯйи дигар, се рӯз қабл Вазорати хориҷаи Туркманистон бо интишори хабарномае гузоришҳо дар бораи ҳузури атбоъи ин кишвар дар миёни шӯришиёни мухолифи давлати Сурияро рад кардааст.

Ин вазорат дар вокуниш ба барномаҳои ширкатҳои телевизиюнии "Русия" ва "Русия 24" дар мавриди ҳодисоти Сурия, ки дар он аз фарде Равшан Газаков ном гирифта ва иддаъо шуда, ки ӯ табаъаи Туркманистон аст, туркман будани ӯро такзиб кардааст.

Аз сӯйи дигар дар ҳоле ки Омрико ва бисёре аз кишварҳои Урупо аз шӯришиёни Сурия ҳимоят мекунанд, Русия, шарики роҳбурдии Тоҷикистон аз давлати Сурия пуштибонӣ мекунад.

Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, дар ҳамоишҳои мухталиф ва дар мулоқотҳои худ бо раҳбарони кишварҳои дигар гуфтааст, ки "ҳам дасти ҳукумат ва ҳам шӯришиёни Сурия ба хун олуда будааст."

Аммо оқои Путин мегӯяд, ки яке аз аҳдофи аслии тамоми кишварҳо поён додан ба хушунат дар Сурия будааст.

Дар ҳамин ҳол гузоришҳои иддае аз расонаҳои мустақил дар Русия, ҳокӣ аз мавҷудияти садҳо ҷангҷӯйи хориҷӣ, аз ҷумла аз бархе аз кишварҳои урупоӣ, Омрико ва Русия дар миёни шӯришиён дар Сурия будааст.

Ин расонаҳо ба нақл аз як масъули дафтари раёсати ҷумҳурии Русия менависанд, ки ин афрод маъмулан ба унвони муборизони гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ, ки бо теруристон робита доранд, амал мекунанд.

Ин мақоми рус гуфтааст, ки дар марҳалаи кунунӣ кормандони амниятии Сурия ва Русия барои ифшои ин афрод табодули иттилоъот мекунанд.

Ахиран гузориш шуд, ки Толибони Покистон афроди худро барои ҳамроҳ шудан бо мухолифони мусаллаҳи давлати Сурия ба ин кишвар фиристодааст, аммо раҳбароин Покистон бо такзиби ин хабар гуфтанд, афроде ки аз ин гурӯҳ ба Сурия рафтаанд бо хости худ ба мухолифони сурӣ пайвастаанд.

Матолиби муртабит