Боздошти зани ҳуландӣ ба занни талош барои эъзоми пайкорҷӯ ба Сурия

Мақомҳои Ҳуланд мегӯянд зани 19-солаеро ба занни талош барои ҷазби пайкорҷӯ барои ҷанг дар Сурия боздошт кардаанд.
Ин зан дар шаҳри Зутермир дар наздикии шаҳри Лоҳа боздошт шудааст.
Ин зани нуздаҳсола қасд дошт, то бо ҷазби пайкорҷӯён онҳоро ба ҷанг дар канори исломгароёни ифротӣ дар Сурия алайҳи Башор Асад тарғиб кунад.
Боздошти ин фард замоне сурат гирифт, ки се хонавода ба пулис иттилоъ доданд фарзандонашон ҳадафи таблиғоти ин зан қарор гирифтаанд.
Додситонии умумии Ҳуланд ба Би-би-сӣ гуфтааст, ки мавзӯъ дар дасти баррасӣ аст ва таҳқиқот дар ин бора оғоз шудааст.
Бархе манобеъ дар Ҳуланд нисбат ба вуруди ҷавонони мусалмони ин кишвар ба ҷанг дар Сурия ибрози нигаронӣ кардаанд.
Натоиҷи як таҳқиқ дар Бритониё дар апрели имсол нишон дод, ки ҳадди ақал 107 шаҳрванди ҳуландӣ дар Сурия дар ҳоли ҷанг бо нерӯҳои Башор Асад, раиси ҷумҳурии Сурия ҳастанд.
Ҳамоҳангкунандаи сиёсати зиддитерурисми Иттиҳодияи Урупо дар апрели имсол гуфт, ки садҳо урупоӣ ба шӯришиёни зиддидавлатии Сурия пайвастаанд ва бархе аз ин афрод дар ин муддат мумкин аст ифротӣ шуда ва дар бозгашт таҳдиде ба ҳисоб биёянд.
Созмонҳои иттилоъотии Урупо нигарони он ҳастанд, ки бархе аз ин афрод ба шабакаи Алқоъида бипайванданд ва пас аз бозгашт ба Урупо таҳдидеро мутаваҷҷеҳи амнияти кишварҳои урупоӣ кунанд.
Дар Бритониё ва Белжик созмонҳои иттилоъотӣ ба талоши худ барои кашфи шабакаҳои ҷазби афроде, ки аз Сурия бозмегарданд, афзудаанд.
Пас аз интишори ин гузориш ба далели шиддат ёфтани ҳассосиятҳо дар бораи хатари афзоиши таҳдид аз сӯйи ин афрод, Ҳуланд дараҷаи хатари таҳдидҳои теруристиро ба радаи "қобили таваҷҷуҳ" афзоиш дод.
