Иттиҳодияи Урупо поёни таҳрими таслиҳотии Сурияро баррасӣ мекунад

Вузарои хориҷаи Иттиҳодияи Урупо қарор аст дархости тасҳили таҳримҳо алайҳи Сурия аз сӯйи Фаронса ва Бритониё ба манзури фароҳам шудани имконоти ирсоли силоҳ барои мухолифони мусаллаҳи он кишарро баррасӣ кунанд.
Интизор меравад Вилём Ҳейг, вазири хориҷаи Бритониё, дар нишасте дар Бруксел дар рӯзи душанбе истидлол кунад, ки шакли кунунии таҳримҳо, ки то поёни ҳафта тамом хоҳад шуд, дигар муассир нест.
Ӯ хоҳони ислоҳи ин таҳримҳост, то имкони ирсоли силоҳ барои нерӯҳои "миёнарав" дар миёни мухолифон фароҳам шавад.
Бо ин ҳол чандин кишвари Иттиҳодияи Урупо бо поёни таҳрими таслиҳотӣ комилан мухолифанд.
Вазири хориҷаи Сурия пештар таъйид кард, ки давлаташ "дар усул" бо ширкат дар як кунфронси сулҳи байналмилалӣ мувофиқ аст. Омрико ва Русия умедворанд, ки ин кунфронс моҳи оянда дар Женев баргузор шавад.
Валид Муъаллим гуфт, ки ин "фурсати хубе баро як роҳи ҳалли сиёсӣ" барои муноқишаи ин кишвар аст, ки ба гуфтаи Созмони Милал беш аз 80 ҳазор кушта ба ҷо гузошта.
Гурӯҳҳои эътилофи аслии мухолифон ҳамакнун дар ҳоли баҳс дар бораи ширкат ё адами ширкат дар ин кунфронс ҳастанд, аммо сухангӯёни онҳо гуфтаанд, ки дар сурати канорагирии Башор Асад, раиси ҷумҳурии Сурия, чунин хоҳанд кард.
Лузуми иттифоқи оро
Оқои Ҳейг истидлол кардааст, ки бардоштани бахше аз таҳримҳои таслиҳотӣ мукаммил ва на ба зарурати фароянди сулҳ аст, зеро дасти мухолифонро дар музокирот бо Башор Асад тақвият мекунад.
Ӯ ҳафтаи қабл ба намояндагони порлумони Бритгниё гуфт, ки таслиҳот бояд фақат "таҳти шароити бадиққат кунтрулшуда" ва ба шарти таъаҳҳудоти рӯшани мухолифон арза шавад.
Ӯ гуфт: "Мо бояд рӯшан кунем, ки агар режим ба таври ҷиддӣ дар кунфронси Женев музкоира накунад, ҳеҷ гузинае мардуд нест. Мо бояд ба ҷойи қабули масири феълии ифротгароӣ ва одамкушӣ ҳама роҳҳои тақвияти миёнаравҳо ва наҷоти ҷони мардумро бо диде боз баррасӣ кунем."
Оқои Ҳейг ва Лурон Фобиус, ҳамтои фаронсавиаш рӯзи душанбе соири давлатҳои урупоиро барои ислоҳи матни қонуни таҳримҳо барои ирсоли силоҳ ба эътилофи миллии нерӯҳои инқилобӣ ва мухолифи Сурия ё ироаи кумаки бештар ба ин эътилоф тарғиб хоҳанд кард.
Як имкони дигар ин аст, ки таҳрими феълӣ, ки нимашаби 31 май муҳлаташ ба поён мерасад, бидуни афзудани мутаммаме фақат барои муддате кӯтоҳ тамдид шавад, то маълум шавад кунфронси Женев муваффақ хоҳад буд ё на.
Хабарнигори Би-би-сӣ дар Бруксел мегӯяд, ки иттифоқи оро зарурӣ аст, аммо чундин кишвар, аз ҷумла Утриш, Ҷумҳурии Чек, Ҳуланд, Финлонд ва Суэд бо тарҳи Бритониё ва Фаронса мухолифанд.
Як манбаъи огоҳ дар давлати Утриш ба хабарнигори Би-би-сӣ гуфт, ки додани иҷозаи ирсоли силоҳҳои маргбор ба як ноҳияи ҷангӣ сиёсати Иттиҳодияи Урупоро воруна хоҳад кард.
Бисёре кишварҳо ҳамчунин нигаронанд, ки додани таҷҳизоти зиддиҳавоӣ ва зидитонк ба мухолифоне, ки "миёнарав" талаққӣ мешаванд, мумкин аст боъиси афтодани ин силоҳҳо ба дасти пайкорҷӯёни тундрави исломгаро, аз ҷумла аъзои гурӯҳи Ҷабҳаи Нусрат шавад, ки ба Алқоъида эъломи вафодорӣ кардааст.
Фуқдони як сохтори фармондеҳии марказӣ ва иддаъоҳои нақзи ҳуқуқи башар тавассути мухолифон низ мояи нигаронӣ аст.
Хабарнигори Би-би-сӣ мегӯяд, ки алорағми ҳимояти Ҷон Керрӣ, вазири хориҷаи Омрико, аз тарҳи Фаронса ва Бритониё дастёбӣ ба як тавофуқ мумкин аст амалӣ набошад.
