Валид Муъаллим: Сурия дар кунфаронси сулҳи Женев ширкат мекунад

  • 26 Май, 2013
Валид Муаъллим ва Нурӣ Моликӣ

Валид Муаъллим, вазири хориҷаи Сурия, ки ба Ироқ сафар карда, гуфтааст, ки давлати Сурия дар конфаронси сулҳе, ки қарор аст дар Женев баргузор шавад, ширкат мекунад.

Оқои Муъаллим афзуда: "Тасаввур мекунем, ки ин фурсате хуб барои ёфтани роҳи ҳалли сиёсӣ барои поён додан ба ҷанги дохилӣ дар Сурия аст."

Вазири хориҷаи Сурия дар ҷараёни кунфаронсе хабарӣ дар Бағдод гуфт, ки тасмими давлати Сурияро мабнӣ бар ширкат дар музокироти сулҳ ба Ҳушёр Зеборӣ ва Нурӣ Моликӣ, вазири хориҷа ва нахуствазири Ироқ итилоъ додааст.

Ин дар ҳоле аст ки мухолифони давлати Сурия гуфтаанд, ки танҳо дар сурати канорагирии Башор Асад аз қудрат дар ин кунфаронс ширкат мекунанд.

Русия ва Омрико умедворанд, ки ин кунфаронс битавонад ба ҷанг дар Сурия аз тариқи сулҳомез поён диҳад.

Оқои Муъаллим бо ишора ба кишварҳое, ки аз мухолифони режими Башор Асад ҳимоят мекунанд, амалкарди онҳоро ҳамонанди ҳимоят аз терурисм дар Ироқ баён кард.

Вазири хориҷаи Сурия дар бахши дигаре аз суханони худ зимни қадрдонӣ аз амалиёти артиши Ироқ дар муқобала бо пайкорҷӯёни суннӣ дар манотиқи марзии ғарби кишвар гуфт: "Мо аз иқдомоти артиши Ироқ дар муқобала бо нерӯҳои Алқоъида хурсанд ҳастем."

Ба гуфтаи ӯ ин масаъла байни ду кишвар аст, ба ин далел ки пайкорҷӯёни Алқоъида дар Сурия бо онҳое ки дар Ироқ фаъъолият мекунанд, муртабит ҳастанд.

Вазири хориҷаи Сурия таъкид кард, ки ҳар ду кишвар бар ин боваранд, ки "Ироқ наметавонад дар урдугоҳи мухолифони давлати Сурия қарор бигирад."

Мақомоти ироқӣ бими он доранд, ки даргириҳо дар Сурия ба ин кишвар кашида шуда ва ба танишҳои фирқаӣ дар Ироқ доман бизанад.

Ироқ то кунун саъй карда, ки дар ҷанги Сурия ошкоро аз ҳеч ҷиноҳе ҷонибдорӣ накунад.

Матолиби муртабит