Набарди хунин барои тасарруфи шаҳри Қусайри Сурия

  • 20 Май, 2013
Image caption Қусайр барои чанд ҳафта дар ихтиёри мухолифон ва дар муҳосираи нерӯҳои давлатӣ буда

Бино ба гузиришҳо, нерӯҳои вафодор ба Башор Асад, раиси ҷумҳурииСурия, вориди шаҳри истротежики Қусайр шудаанд ва башиддат бо мухолифони мусаллаҳ даргиранд.

Мухолифони ҳукумат мегӯянд, ки Ҳизбуллоҳи Лубнон низ дар ин амалиёт алайҳи онҳо дахолати мустақим дорад.

Шаҳри Қусайр дар 150-килуметрии шимоли Димишқ барои нерӯҳои давлатӣ ва мухолифони мусаллаҳ аҳаммияти истротежик дорад.

Қусайр барои нерӯҳои давлатӣ имкони тараддуди байни Димишқ ва минтақаи соҳили Медитаронаи Сурияро фароҳам мекунад ва аз тарафи дигар мухолифон бо тасхири он метавонанд имкони тараддуди озодона ба Лубнонро дошта бошанд.

Қусайр аз чанд ҳафта пеш дар ихтиёри мухолифон ва дар муҳосираи нерӯҳои давлатӣ будааст.

Телевизиюни давлатии Сурия мегӯяд, ки нерӯҳои давлатӣ "теруристҳо"-ро дар Қайсар муҳосира карда ва маҳарри раҳбари онҳоро тахриб кардаанд

Бумборони шаҳр

Нерӯҳои давлати аз шанбешаб бумборон ва гулӯлаборони шаҳрро оғоз кардаанд, ки дар тӯли рӯзи якшанбе идома ёфт.

Фаъъолон аз ба тӯп баста шудани шадиди шаҳр, ки мунҷар ба кушта шудани 20 нафар шуд, хабар доданд ва видиюҳое дар шабакаҳои иҷтимоъӣ аз ин ҳамалот мунташир шуда, ки мустақилан ба таъйиди Би-би-сӣ нарасидааст.

Хабаргузории "Оссушиэйтед пресс" гузориш медиҳад, ки нерӯҳои давлатӣ вориди шаҳр шудаанд ва хона ба хона бо мухолифон дар набарданд

Image caption Башор Асад канорагирӣ аз қудратро рад кардааст

Телевизиюни давлатӣ ҳам гузориш дод, ки артиш кунтрнули майдони аслӣ ва баъзе аз бахшҳои дигари шаҳрро ба даст гирифтааст. Мухолифон ин хабарро такзиб кардаанд.

Шумори талафоти гузоришшуда дар рӯзи якшанбе дар Қусайр дар ҳоли афзоиш будааст ва дар охирин хабарҳо мухолифон аз кушта шудани 50 нафар ва расонаҳои давлатӣ аз кушта шудани 70 шӯришӣ сухан гуфтаанд.

"Дахолати Ҳизбуллоҳ"

"Осушиэйтед пресс" гузориш медиҳад, ки ҷангҷӯёни гурӯҳи Ҳизбуллоҳи Лубнон ҳам дар муҳосираи шаҳр дар чанд ҳафтаи ахир нақш дошта ва ҳамзамон гузориш мешавад, ки Ҳизбуллоҳ дар ҳамла ба шаҳр ҳам ширкат кардаанд.

Фаъъолони сурӣ ба "Руйтерз" гуфтаанд, ки ин шадидтарин даргирӣ аз замони шурӯъи ҷанги дохилӣ аст, ки Ҳизбуллоҳ дар он ширкат мекунад.

Ҳамла ба Қусайр соъоте пас аз мусоҳибаи Башор Асад, раиси ҷумҳурии Сурия,бо як рӯзномаи оржонтинӣ шурӯъ шуд.

Оқои Асад рӯзи шанбе гуфт, ки ӯ пеш аз интихобот канор нахоҳад рафт ва Омрико ҳаққи дахолат бар умури сиёсии кишварашро надорад.

Ин аввалин ихзҳори назари оқои Асад дар бораи ояндаи сиёсии кишвараш аз замони матраҳ шудани тарҳе аз сӯйи Омрико ва Русия барои баргузориияк кунфронси байналмилалӣ аст.

Ҳадафи ин кунфронс рӯбарӯи ҳам нишондани намояндагони давлат ва мухолифон ва шурӯъи музокирот барои поёни хунрезиҳо ва шурӯъи як фароянди сиёсӣ барои гузор ба як низоми тоза аст.

Маскав аз давлати Сурия ва Вошингтун аз мухолифони ин кишвар ҳимоят мекунанд.

Маскав ва Вошингтун моиланд ин нишаст моҳи оянда баргузор шавад, аммо ҳанӯз таърихи дақиқаи он мушаххас нашудааст.

Бон Ки-мун , дабири кулли СММ рӯзи якшанбе изҳори умедворӣ кард, ки ин кунфронс авоили моҳи оянда яъне то чанд ҳафтаи дигар баргузор шавад.

Оқои Асад дар мусоҳибюа бо як рӯзномани оржонтинӣ гуфт, ки тасмимгирӣ дар мавриди ояндаи кишвар ба уҳдаи мардуми Сурия аст.

Ӯ гуфт, ки сарнавишти сиёсиаш бояд дар интихобот таъйин шавад ва на дар як кунфронс.

Матолиби муртабит