Ҳушдори Исроил ба Сурия дар пайи табодули оташ дар Ҷавлон

Нерӯҳои исроилӣ ва сурӣ дар баландиҳои Ҷавлон табодули оташ кардаанд. Фармондеҳи артиши Исроил дар бораи паёмадҳои барҳам хӯрдани оромиши ин минтақаи истротежик ба Башор Асад ҳушдор додааст.
Сурия мегӯяд, ки як худрави артиши Исроилро, ки рӯзи сешанбе аз хатти оташбас убур карда буд, ҳадаф қарор додааст. Исроил ин хабарро такзиб кардааст.
Исроил бахшҳои васеъе аз баландиҳои Ҷавлони Сурияро дар ҷанги июни соли 1967 ба ишғоли низомии худ даровардааст.
Рӯзи сешанбе телевизиюни Сурия тасовире аз як худрави низомии ба гулӯла басташударо нишон дод, ки ба гуфтаи артиши Сурия аз нерӯҳои исроилӣ дар Ҷавлон ба ғанимат гирифта шудааст.
Артиши Исроил табодули оташ бо марзбонони суриро таъйид мекунад, аммо мегӯяд худраве аз даст надода ва тасовири пахшшуда сохтагӣ аст.
Дар ин робита женерол Бани Гонтес, фармондеҳи артиши Исроил, ба Башор Асад, раиси ҷумҳурии Сурия, ҳушдор додааст.
Ба гуфтаи женерол Гонтес, агар Башор Асад оромиши минтақаи Ҷавлонро барҳам бизанад, паёмадҳои онро хоҳад дид.
Муша Яълун, вазири дифоъи Исроил, низ гуфт кишвар тамоюле ба даргир шудан дар ҷанги дохилии Сурия надорад, аммо тирандозӣ ба сарбозонашро ҳам таҳаммул нахоҳад кард.
Набарди Қусайр
Аз сӯйи дигар, даргириҳои хунин барои тасарруфи шаҳри Қусайри Сурия идома дорад. Бахшҳое аз Қусайр пас аз се рӯз ҳамалоти мустамарри артиши Сурия ҳанӯз дар кунтрули мухолифон аст.
Ин шаҳри истротежик дар 10-килуметрии марзи Лубнон воқеъ аст ва нерӯҳои гурӯҳи Ҳизбуллоҳи Лубнон дар ҳамла ба он нақши муҳимме доранд.
Бино ба гузоришҳо дастикам 30 нерӯи Ҳизбуллоҳ дар Қусайр кушта шудаанд.
Кохи Сафед рӯзи сешанбе ҳузури низомии Ҳизбуллоҳ бавижа дар Қусайрро маҳкум кард.
Ҷей Корнӣ, сухангӯйи Кохи Сафед, ҳамчунин бори дигар бар канор рафтани Башор Асад аз тариқи музокироти байналмилалӣ таъкид дорад, дархосте, ки раиси ҷумҳурии Сурия онро пештар рад карда буд.
Чаҳорчӯб ва замони баргузории кунфронси байналмилалbb мавриди назари Омрико ва Русия, ки ба нишасти Женев-2 шуҳрат пайдо кардааст, ҳанӯз рӯшан нест.
