Иттиҳодияи Урупо дар пайи дар феҳристи созмонҳои терруристӣ қарор додани Ҳизбуллоҳ

  • 23 Май, 2013

Фаронса гуфтааст, ки аз пешниҳоди Бритониё мабнӣ бар қарор додани шохаи низомии Ҳизбуллоҳ дар феҳристи созмонҳои терруристии Иттиҳодияи Урупо ҳимоят мекунад.

Фаронса ба таври суннатӣ дар бораи ҷонибдорӣ аз ҳар гуна таҳрим алайҳи Ҳизбуллоҳ муҳтотона бархурд кардааст.

Фаронса, ки то кунун бими он дошта, ки ин масаъла боъиси бесаботии Лубнон шуда ва бар вазъияти сулҳбонони Созмони Милал дар он кишвар таъсир дошта бошад, ҳол эълом карда, ки тамомии гузинаҳоро дар назар мегирад.

Ҳудуди 900 нерӯи фаронсавӣ дар қолаби нерӯҳои ҳофизи сулҳ дар Лубнон мустақар ҳастанд.

Бритониё сешанбе (22 май) бо ишора ба вуҷуди шавоҳиде мабнӣ бар дахолати пайкорҷӯёни Ҳизбуллоҳ дар ҳамлае, ки ба куштаи шудани 5 исроилӣ мунҷар шуд, аз Иттиҳодияи Урупо хост то шохаи низомии Ҳизбуллоҳро дар феҳристи созмонҳои терруристии ин Иттиҳодия қарор диҳад.

Рӯзи гузашта диплумотҳои олмонӣ ҳам эълом карданд, ки ин кишвар аз дархости Бритониё ҳимоят хоҳад кард.

Қарор аст тасмимгирӣ дар ин маврид дар ҷаласаи вижаи ин иттиҳодия дар авоили моҳи июн анҷом шавад.

Матолиби муртабит