Русия: Давлати Сурия мувофиқи ширкат дар кунфронсе байналмилалӣ аст

  • 24 Май, 2013
Image caption Нишасти эътилофи миллии Сурия барои дувумин рӯз дар Истонбул дар ҷараён аст

Вазорати хориҷаи Русия мегӯяд давлати Сурия асосан мувофиқи баргузории кунфронси байналмилалии пешниҳодшуда аз сӯйи Омрико ва Русия дар бораи ояндаи Сурия аст.

Дар ҳамин робита Александр Лукашевич, сухангӯйи вазорати хориҷаи Русия, гуфтааст: "Димишқ ба таври усулӣ омодагии худро барои ширкат дар кунфронсе байналмилалӣ дар Женев, ки интизор меравад дар ду ҳафтаи оянда баргузор шавад, эълом кардааст."

Аммо сухангӯйи вазорати хориҷаи Русия дар айни ҳол таъкид карда, ки дар ҳоли ҳозир таъйини замоне дақиқ барои баргузории ин кунфронс ғайримумкин аст.

Ба гуфтаи ӯ ҳанӯз мушаххас нест, ки чи касоне аз сӯйи мухолифон дар ин кунфронс ҳузур хоҳад дошт.

Мухолифони давлати Сурия бо ширкати намояндагони Башор Асад дар ин кунфронс мухолифанд.

Дар ҳамин ҳол, Файсал Мақдод, муъовини вазири хориҷаи Сурия, пас аз музокироте дар Маскав, ки рӯзи чаҳоршанбе (22 май) анҷом шуд, гуфт, ки давлат базудӣ дар ин бора ки оё дар ин кунфронс ширкат хоҳад кард ё хайр, тасмимгирӣ мекунад.

Идомаи нишасти эътилофи миллии Сурия

Нишасти эътилофи миллии Сурия, муҳимтарин гурӯҳи мухолифи давлати Сурия барои дувумин рӯзи мутаволӣ дар Истонбули Туркия дар ҷараён аст.

Нозирон муътақиданд мухолифон ин нишастро барои ҳифзи эътибор дар ҳоле ки музокирот барои баргузории кунфронси байналмилалии пешниҳодии Омрико ва Русия дар ҷараён аст, анҷом доданд.

Фишорҳои байналмилалӣ бар эътилофи миллии Сурия дар мавриди ҳалли ихтилофоти дохилии ин эътилоф дар пайи истеъфои Аҳмад Муъоз Хатиб, раҳбари пешини он, дар моҳи марти соли ҷорӣ афзоиш ёфтааст.

Ҳамзамон бо фаъъолиятҳои диплумотик барои баргузории нишаст дар бораи ояндаи Сурия байни мухолифон ва давлат, Эрон ҳам эълом кардааст, ки чаҳоршанбеи оянда (29 май) як нишаст бо унвони "Дӯстони Сурия" баргузор мекунад.

Аббос Ироқчӣ, сухангӯйи вазорати хориҷаи Эрон, гуфта, ки теъдоде аз вузарои хориҷа ва мақомот ва шахсиятҳои баландпоя даъват шудаанд ва истиқболи хубе ҳам аз ин нишаст сурат гирифтааст.

Ҳанӯз мушаххас нест чи касоне аз давлат ва мухолифони давлати Сурия ва мақомоти дигар кишварҳо барои ширкат дар кунфронс ба Эрон мераванд.

Матолиби муртабит