"Нерӯҳои артиши Сурия 62 шӯриширо дар шарқи Димишқ куштанд"

Гузоришҳо аз Сурия ҳокӣ аз он аст ки ҳаддиақал 62 шӯришӣ дар ҳамлаи нерӯҳои артиши Сурия дар шарқи Димишқ кушта шудаанд.
Маркази назорат бар ҳуқуқи башари Сурия, ки дар Ландан мустақар аст, мегуяд шӯришиён дар шаҳри Адро дар шарқи Димишқ кушта шуданд.
Ин гурӯҳ, ки ба мухолифони ҳукумати Башор Асад, раиси ҷумҳурии Сурия наздик аст, мегӯяд бештари кушташудагонро ҷавонон ташкил медиҳанд.
СОНО, хабаргузории расмии Сурия низ дар мавриди теъдоди кушташудагон гузорише надода, аммо гуфтааст, ки ин афрод аз аъзои Ҷабҳаи нусрат, ки бо Алқоъида муртабит аст, буданд.
Ин хабаргузорӣ гуфт, ки силоҳҳои шӯришиён аз ҷумла гулӯлаҳои РПГ ва мусалсалро мусодира кардаанд.
Тибқи омори Созмони Милал беш аз як сад ҳазор нафар аз мардуми Сурия тайи 28 моҳи даргириҳои ин кишвар кушта шудаанд. Ҳамчунин беш аз 1,8 миллиюн нафар аз мардуми Сурия ба кишварҳои ҳамсоя фирор кардаанд.
Артиши Сурия дар ҳоли ҳозир кунтрули Димишқ ва роҳҳои мунтаҳӣ ба ғарбро дар ихтиёр дорад ва шӯришиён низи бахшҳои бузурге аз шимол ва шарқро дар ихтиёр доранд.
Шӯришиён рӯзи сешанбе муваффақ шуданд, ки як пойгоҳи ҳавоиро дар Ҳалаб тасарруф кунанд. Сурия гуфта, ки ин пойгоҳи ҳавоӣ дигар маврид истифода набуд.
Нерӯҳои артиши Сурия низ ахиран ба муваффақиятҳо даст ёфтаанд. Онҳо ба хусус дар шаҳрҳои Димишқ, Ҳумс ва бахшҳое аз Ҳалаб тавонистаанд шӯришиёнро ба ақаб биронанд.
Башор Асад, раиси ҷумҳури Сурия ахиран дар паёме ба муносибати рӯзи артиши ин кишвар гуфт, ки аз пирӯзӣ бар шӯришиёне, ки дар садади сарнагунии ӯ ҳастанд, мутмаин аст.
