Мустанадсози эронӣ дар Сурия кушта шуд

  • 21 Август, 2013

Як мустанадсози эронӣ тавассути нерӯҳои мухолифи давлати Сурия кушта шудааст.

Ба гузориши хабаргузории Меҳр, Ҳодӣ Боғбонӣ, хабарнигор ва мустанадсози эронӣ "дар даргириҳои манотиқи ҳошияии Димишқ тавассути теруристҳои такфирии ҷабҳаи Алнасра" кушта шудааст.

Ин хабаргузорӣ гуфтааст, ки ҷанозаи ин мустанадсоз рӯзи чаҳоршанбеи 21 август барои хоксупорӣ ба зодгоҳи ӯ Бобулшаҳр интиқол меёбад.

Хабаргузории Меҳр дар мавриди замон ва чигунагии кушта шудани Ҳодӣ Боғбонӣ тавзеҳи бештар надода, аммо бархе манобеъи хабарӣ гуфтаанд, ки Ҳодӣ Боғбонӣ рӯзи душанбе кушта шуд.

Ҳамчунин мушаххас нест, ки ин мустанадсоз аз сӯи кадом ниҳоди Ҷумҳурии Исломӣ ба Сурия эъзом шуда буд, аммо ба назар мерасад, ки вай ҳангоми ҳамроҳӣ бо нерӯҳои давлатии Сурия ҷони худро аз даст дод.

Хабаргузории Форс дар матлабе перомуни ин хабар гуфтугӯеро бо Муртазо Шаъбонӣ мунташир карда, ки гуфтааст, ки Ҳодӣ Боғбонӣ ҳамроҳ бо як гурӯҳи сенафара барои дувумин бор ба Сурия эъзом шуда буд, ки дар атрофи Димишқ "гирифтори камини такфириҳо шуд."

Оқои Шаъбонӣ, ки зоҳиран дар заминаи филмсозии ҷанг фаъъолият дошта, афзудааст, ки тайи ду соли гузашта гурӯҳҳои мухталифи мустанадсоз барои "сабти вақоеъ ва ҷиноёти салфиҳо" ба Сурия эъзом шуданд ва то кунун бисту ду филми мустанад дар ин замина таҳия кардаанд.