Нерӯҳои давлатии Сурия минтақаи Холидияи Ҳумсро ба кунтрули комили худ дароварданд

  • 29 Июл, 2013
Image caption Минтақаи Холидия аз соли 2011 дар кунтрули нерӯҳои шӯришӣ қарор дорад

Хабаргузории давлатии Сурия, СОНО гуфтааст, ки нерӯҳои давлатии ин кишвар кунтрули комили яке аз манотиқи калидии шӯришиён дар маркази шаҳри Ҳумсро дар ихтиёр гирифтаанд.

Ба гузориши ин хабаргузорӣ артиши Сурия муваффақ шуда минтақаи Холидияро ба таври комил ба тасарруфи муҷаддади худ дароварад.

Дар ҳамин ҳол фаъолони мухолифи давлат аз бурузи даргириҳое дар Холидия тайи имрӯз хабар додаанд.

Ба гуфтаи онҳо аксари ин минтақа таҳти кунтрули давлат даромадааст.

Ин хабар дар ҳоле мунташир шуда, ки як моҳ пеш нерӯҳои давлатӣ ҳамлаеро барои хориҷ кардани шӯришиён аз шаҳри Ҳумс оғоз карданд.

Рӯзи гузашта (якшанбеи 28 июл) шабакаи телевизиюнии Алмайодин тасовире аз сохтмонҳои башиддат осебдида дар Холидияро ба намоиш гузошт.

Шаҳри Ҳумс аз ҷумла манотиқе аст, ки дар ҷараёни ҷанги дусола дар Сурия саҳнаи даргириҳое будааст.

Созмони Милали Муттаҳид эълом карда аз замони оғози даргириҳо дар ин кишвар беш аз 100 ҳазор нафар кушта шуданд.

Матолиби муртабит