Созмони Милал: Шумори кӯдакони паноҳҷӯи сурӣ ба як милюн нафар расидааст

  • 23 Август, 2013
Image caption Созмони Милал мегӯяд кӯдакон ниме аз ҷамъияти паноҳҷӯёнеро, ки аз Сурия гурехтаанд, ташкил медиҳанд

Ожонсҳои вобаста ба Созмони Милали Муттаҳид мегӯянд шумори кӯдакони сурӣ, ки ба далели даргириҳо маҷбур ба фирор аз ин кишвар шудаанд, ба як милюн нафар расидааст.

Ожонси праноҳандагони СММ ва ҳамчунин Сандуқи Кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) гуфтаанд, ки беш аз ду милюн кӯдак аз тарси ҷанг маҷбур шудаанд, ки шаҳрҳои худро тарк карда ва бамаҳалли дигаре дар дохили Сурия нақли макон кунанд.

Ба гуфтаи Бон Ки-мун, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, беш аз яксад ҳазор нафар дар ҷараёни даргириҳо дар ин кишвар кушта шудаанд.

Оқои Бон ҳамчунин дар мрасмӣ аз ҳукумати Сурия хоста, то иҷоза диҳад бозрасони ин созмон битавонанд аз минтақае, ки шӯришиёни мухолифи давлат мегӯянд ҳамлае шимиёӣ рух дода, боздид кунанд.

Созмони Милал мегӯяд дар ҳоли ҳозир кӯдакон ниме аз ҷамъияти паноҳҷӯёнеро, ки аз Сурия гурехтаанд, ташкил медиҳанд. Ҳудуди 75 дарсади ин кӯдакон зери 11 сол син доранд.

Онтунию Кутерз, кумиссари СММ дар умури паноҳандагон гуфтааст насли ҷавони Сурия хона, ақвом ва ояндаашро аз даст медиҳад.

Оқои Кутерз мегӯяд ин кӯдакон ҳатто аз ин ки барои пайдо кардани ҷои амне аз кишвар хориҷ мешаванд, осеб дида, афсурда ва ниёзманди умед ҳастанд.

Ба гуфтаи Созмони Милал бисёре аз ин кӯдакон ба кишварҳои Лубнон, Урдун Туркия, Ироқ ва Миср паноҳ бурдаанд.

Созмони Милал ҳамчунин гуфта бар шумори суриҳое, ки ба кишварҳои шимоли Офриқо ва Урупо гурехтаанд, афзуда шудааст.

Ожонси паноҳандагони Созмони Милал ва ЮНИСЕФ ҳамчунин гуфтаанд дар талошанд то ниёзҳои паноҳҷӯёнро бароварда кунанд.

Ҳудуди 118 ҳазор кӯдаки паноҳҷӯ тавонистаанд ба таҳсилоташон идома диҳанд ва ба як панҷум аз ин кӯдакон мушовираи равоншиносӣ дода шудааст.

Созмони Милал мегӯяд даргириҳои Сурия ба бурузи бадтарин буҳрони паноҳҷӯӣ дар 20 соли ахир мунҷар шуда.

Ба гуфтаи ин ниҳоди байналмилалӣ чунин оморе аз замони наслкӯшӣ дар Рвондо дар соли 1994 мушоҳида нашудааст.

Матолиби муртабит