Оятуллоҳ Хоминаӣ: Ҳаводиси минтақа нигаронкунанда аст

Оятуллоҳ Алии Хоминаӣ дар маросими намози иди Фитр назароти худро дар мавриди масоили минтақа иброз кард.
Дар маросими намози иди Фитр, ки субҳи ҷумъаи 9 агуст дар маҳалли донишгоҳи Теҳрон баргузор шуд, Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳурӣ, Акбари Ҳошимии Рафсанҷонӣ, раиси Маҷлиси ташхиси маслиҳат, руасои Маҷлис ва қувваи қазоия ва гурӯҳи дигаре аз мақомоти Ҷумҳурии Исломӣ ҳузур доштанд.
Раҳбари Ҷумҳурии Исломӣ хутбаи аввалро ба масоили динии моҳи Рамазон ихтисос дод ва зимни интиқод аз "исроф" дар ин моҳ, роҳпаймоии рӯзи Қудсро яке аз дастовардҳои муҳимми моҳи Рамазон қаламдод кард.
Оятуллоҳ Хоминаӣ дар хутбаи дувуми намоз ба ибрози назар дар мавриди масоили хориҷӣ пардохт ва гуфт "дар минтақаи ғарби Осиё, шимоли Офриқо ва дар маҷмӯъ манотиқи исломӣ ҳаводисе дар ҷараён аст."
Вай гуфт, ки дар Эрон ҳодисаи муҳим ташкили давлати ҷадид аст ва афзуд, ки "ин суннати миллӣ, бахубӣ анҷом гирифт" ва ибрози умедворӣ кард, ки бо "таъйиди вузарои солеҳ" дар маҷлиси давлат ташкил хоҳад шуд ва корҳои муҳиммеро, ки дар пеш дорад, оғоз хоҳад кард.
Дар мавриди соири кишварҳои минтақа раҳбари Ҷумҳурии Исломӣ гуфт, ки дар ин кишварҳо "ҳаводис ба ин сурат шодиовар нест, балки нигаронкунанда аст" ва аз ҷумла азсаргирии музокироти сулҳи байни Исроил ва фаластиниёнро мавриди интиқод қарор дод.
Шароити минтақа ва ризомандии Исроил
Оятуллоҳ Хоминаӣ бо ибрози ин назар, ки натиҷаи ин музокирот боз ҳам ба нафъи Исроил ва зиёни фаластиниён тамом хоҳад шуд, нақши Омрико ба унвони миёнҷии ин музокиротро мардуд донист ва аз кишварҳои исломӣ хост, то монеъ аз он шаванд, ки музокироти сулҳ ба натиҷа бирасад.
Раҳбари Ҷумҳурии Исломӣ сипас нисбат ба ҳаводиси ахири Миср ибрози нигаронӣ кард ва бо матраҳ кардани эҳтимоли бурузи ҷанги дохилӣ дар он кишвар, гуфт, ки мардуми Миср ва нухбагони сиёсӣ ва динии мисрӣ бояд ба вазъияти Сурия ва "осори ҳузури муздурони Ғарб ва муздурони Исроил ва теруристҳо" дар он кишвар таваҷҷуҳ кунанд.
Вай изҳор дошт, ки дар Миср "демукросӣ ва мардумсолорӣ бояд дар назар гирифта шавад ва куштору фишор маҳкум аст" ва бо интиқод аз талоши қудратҳои хориҷӣ барои кумак ба ҳалли буҳрони кунунӣ ҳушдор дод, ки "аз дахолати қудратҳои бегона он тавр, ки инак мушоҳида мешавад, ҷуз зарар чизе берун нахоҳад омад." раҳбари Ҷумҳурии Исломӣ изҳор дошт, ки "ба эҳтимоли қавӣ" сервисҳои ҷосусии қудратҳо дар ин ҷо, шароити Миср, даст доранд.
Оятуллоҳ Алии Хоминаӣ, ҳамчунин авзоъи кунунии Ироқро нигаронкунанда хонд ва бо ибрози ин назар, ки давлати он кишвар ба шакле озод ва бо раъйи мардум интихоб шудааст, "қудратҳои бузург" ва "муртаҷеъини" минтақаро муттаҳам кард, ки аз гурӯҳҳои теруристӣ ҳимоят мекунанд, то "оби хуш аз гулӯи миллати Ироқ поин наравад". Вай аз тамоми гурӯҳҳо ва қавмиятҳои Ироқ хост то даст аз ихтилоф бардоранд ва монеъ аз бурузи ҷанги дохилӣ шаванд.
Оятуллоҳ Хоминаӣ натиҷа гирифт, ки Исроил аз тамомии ин моҷароҳо эҳсоси хушнудӣ ва ризоият мекунад.
