Нигаронӣ аз эҳтимоли шикасти талошҳои хориҷӣ барои ҳалли буҳрони Миср

Миёнҷигарони хориҷӣ, ки дар талош барои барқарории оштии миллӣ ба Миср рафтаанд, дар бораи эҳтимоли шикасти ин талошҳо ҳушдор додаанд. Яке аз сенотурҳои умдаи омрикоӣ аз эҳтимоли хунрезиҳои густардаи қарибулвуқӯъ дар Миср хабар додааст.
Ҷон Мак Кейн ва Линдзей Гроҳом, ду намояндаи муассири Маҷлиси сенои Омрико, дар сафар ба Миср аз давлати интиқолии ин кишвар, ки ба артиш пуштгарм аст, хостаанд ҳама зиндониёни сиёсиро озод кунанд.
Ин ду барканории Мурсиро "кудето" хондаанд ва ҳушдор додаанд, ки "демукросии фарогир, танҳо роҳи машрӯъ барои субот аст."
Онон ҳамчунон хостори барқарории гуфтугӯи миллӣ шудаанд, ки гурӯҳи Ихвонулмуслиминро ҳам дар бар бигирад.
Адлӣ Мансур, раиси ҷумҳури муваққати Миср, ин изҳоротро рад карда ва онро "мудохила дар умури дохилии Миср" хондааст.
Ихвонулмуслимин ҳам ба навъе дигар аз талошҳои ин ду сенотур интиқод кардаанд.
Намояндагоне аз Иттиҳодияи Урупо, Қатар ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ ҳам барои кумак ба ҳалли мунозиъа дар Миср ба сар мебаранд.
Акнун нигарониҳо дар ин бора боло гирифтааст, ки артиш бо ҳамла ба таҳассуни ҳаводорони Муҳаммад Мурсӣ, раиси ҷумҳури Миср, ки ба дахолати артиши ин кишвар аз симати худ барканор шуд, заминаи хушунати бештарро фароҳам кунад.
Миср аз замоне ки артиши Муҳаммад Мурсиро барканор кард, дар буҳрон будааст.
Бар асоси гузоришҳо аз замони халъи қудрати оқои Мурсӣ дар 3 ииюн бештар аз 250 нафар дар Миср ва дар ҷараёни эътирозҳо ё рӯёрӯии ҳаводорони гурӯҳҳои сиёсии мухталиф кушта шудаанд.
Артиш пас аз чанд рӯз эътирозоти умумии густарда алайҳи давлати Муҳаммад Мурсӣ иқдом кунад.
Аз он замон оқои Мурсӣ ва шумори дигаре аз чеҳраҳои умдаи Ихвонулмуслимин дар ҳоли ҳозир дар маконе номаълум боздошт ҳастанд.
Ҳазорон нафар аз ҳаводорони онон ба хиёбонҳои Миср омадаанд ва хостори бозгашти Муҳаммад Мурсӣ шудаанд, ки як сол пеш дар он чи нахустин интихоботи озод ва мунсифона дар Миср ба шумор меравад, интихоб шуд.
Мақомоти артиш ва давлати интиқолии Қоҳира мегӯянд ин дархости ҳаводорони оқои Мурсӣ бароварда нахоҳад шуд.
'Кудето'
Ҷон Мак Кейн ва Линдзей Гроҳом рӯзи душанбеи 5 август ва ба дархости Борок Убомо, раиси ҷумҳурии Омрико, ба Миср рафанд, то ба раванди миёнҷигарии байналмилалӣ дар Миср кумак кунанд.
Онон рӯзи сешанбеи 6 август бо Муҳаммад Бародеъӣ, муъовини раиси ҷумҳури муваққати Миср, Ҳозим Биловӣ, нахуствазир ва женерол Абдулфаттоҳ Сисӣ, фармондеҳи артиш, дидор карданд.
Хабаргузории давлатии Мино дар Миср гузориш дод, ки фармондеҳи артиши ин кишвар бо ду сенотури омрикоӣ дар бораи ин ки чи тавр ба "вазъияти қутбӣ шудани фазои сиёсӣ ва мутаваққиф кардани хушунат" гуфтугӯ кардааст.
Онон ҳамчунин бо аъзое аз ҳизби Озодӣ ва Адолат, шохаи сиёсии Ихвонулмуслимин, дидор кардаанд.
Ҷон Мак Кейн ва Линдзей Гроҳом, барканории Муҳаммад Мурсиро "кудето" хондаанд; калимае, ки давлати Омрико тасмим гирифтааст аз он истифода накунад.
Онон ҳушдор додаанд, ки "демукросии фарогир, танҳо роҳи машрӯъ барои субот аст."
Оқои Гроҳом гуфтааст: "Афроде ки дар ҳоли ҳозир дар Миср дар қудрат ҳастанд, мунтахаб нестанд. Онҳое, ки дар интихобот рӯй овардаанд, дар ҳоли ҳозир дар зиндон ҳастанд. Ин вазъият ғайриқобили қабул аст."
Ӯ афзудааст: "Дар як демукросӣ бояд нишаст ва бо якдигар ҳарф зад. Ғайримумкин аст бо касе гутугӯ кунем, ки дар ҳабс аст."
Ин сенотур ҳамчунин аз Ихвонулмуслимин хостааст "ба таври ҷиддӣ хушунатҳоро маҳор кунад."
Оқои Мак Кейн ҳушдор додааст: "Он чи дар ҳафтаҳои ахир дар Миср рух дода, бисёр буҳронӣ аст ва таъсири таъйинкунандае бар ин кишвар ва ҳамчунин бар кулли Ховари Миёна мегузорад."
Ӯ гуфт, ки хостори озодии зиндониёни сиёсӣ ва барқарории як гуфтугӯи миллии фарогир дар Миср аст.
Ҷон Мак Кейн ҳамчунин дар гуфтугӯ бо телевизиюни омрикоии Си-би-эс гуфт: "Эй вой; намедонистам авзои ин ҷо ин қадар бад аст. Инҳо фақат чанд рӯз ба як хунрезии тамомайёр фосила доранд."
Ӯ гуфт: "Фақат як роҳ барои расидан ба як Мисри ором вуҷуд дорад ва он музокира ва оштии байни бозигарони аслии саҳнаи сиёсии ин кишвар аст."
Линдзей Гроҳом ҳам дар ин бора гуфт, ки агар авзоъ ҳамин тавр бимонад, раванди мусолиҳа дар ин кишвар шикаст хоҳад хӯрд.
"Фишори беш аз ҳад"
Аммо изҳороти ин ду сенотури аршади омрикоӣ ба мазоқи мақомоти давлати муваққат хуш наомад.
Телевизиюни давлатии Миср аз қавли Адлӣ Мансур, раиси ҷумҳури муваққати ин кишвар, изҳороти Ҷон Мак Кейнро "мудохилаи ғайриқобили қабул дар умури дохилӣ" хонд.
Пештар ҳам сухангӯйи оқои Мансур ба хабарнигорон гуфта буд "фишори хориҷӣ" бар давлати феълии Миср, "аз меъёрҳои байналмилалӣ фаротар рафтааст."
Ин сухангӯйи оқои Мансур ҳамчунин гуфт, ки мақомоти мисрӣ "аз инқилоб посдорӣ хоҳанд кард."
Рӯзномаи давлатии Аҳром ҳам аз қавли мақомоти мисрӣ хабар додааст, ки давлати муваққат омода мешавад эълом кунад иқдомот барои миёнҷигарии байналмилалӣ шикаст хӯрдааст ва ин давлат роҳи худро барои баргузории интихобот зарфи 9 моҳ дар пеш мегирад.
Аммо интиқод аз талошҳо барои миёнҷигарӣ маҳдуд ба тарафи ҳоким набудааст.
Яке аз чеҳраҳои умдаи гурӯҳи Ихвонулмуслимин гуфтааст, ин ду сенотури омрикоӣ барои "берун паридан аз киштии дар ҳоли ғарқ шудани роҳбарони кудето" талош мекунанд.
Роберт Кейсӣ, як сенотури омрикоии дигар, ба Би-би-сӣ гуфтааст, ки Вошингтун бояд кумакҳояш ба Мисрро мутаносиб бо иқдомоти давлати ин кишвар дар басти ниҳодҳои босуботи демукросӣ танзим кунад.
Ӯ, ки узви як коргурӯҳи амнияти миллии Омрикост, пешниҳод дода кумакҳо ба Миср мустақиман ба мардум сурат бигирад, аз ҷумла масалан кумакҳои ғизоӣ.
Дар рӯзҳои гузашта гузоришҳое мунташир шуда буд ҳокӣ аз он ки давлати интиқолии Миср ба Ихвонулмуслимин пешниҳод додааст раҳбарони ин гурӯҳро озод кунад ва ба ин гурӯҳ симатҳои вазоратӣ дар давлат пешниҳод кунад, ба шарте ки онон ҳам ба таҳассунҳо поён бидиҳанд.
Бо ин ҳол, як мушовири раёсати ҷумҳурӣ такзиб кард, ки чунин ба пешниҳоде ба Ихвонулмуслимин ироа шуда бошад.
Ҳимояти Омрико аз артиши Миср барои ҳар ду тараф ҳаётӣ аст. Иёлоти Муттаҳида солона беш аз 1.3 милёрд дулор ба артиши Миср кумак мекунад.
