Вазири хориҷаи Омрико: Мудохилаи артиши Миср ба хости мардум буд

  • 2 Август, 2013
Image caption Керрӣ ва Алсисӣ: Керрӣ мудохилаи артиши Мисрро вокунише ба хости мардуми Миср тавсиф кардааст

Вазири хориҷаи Омрико талвеҳан иқдоми артиши Миср дар барканории раиси ҷумҳурии собиқро муваҷҷаҳ донистааст.

Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷаи Омрико, ки ба Покистон сафар кардааст, дар мусоҳиба бо шабакаи телевизиюнии Ҷэу Покистон, дар посух ба суоле дар мавриди барканории Муҳаммад Мурсӣ тавассути артиши Миср гуфт, ки низомиён ба дархости мардуми он кишвар вориди амал шуданд ва дар садади бозгардондани демукросӣ ба кишварашон ҳастанд.

Дар оғози ин мусоҳиба хабарнигори телевизиюни Ҷэу гуфт, ки Омрико ба демукросӣ эътиқод дорад ва худро қаҳрамони дифоъ аз демукросӣ дар ҷаҳон мехонад ва пурсид: "Дар чунин сурате чаро Иёлоти Муттаҳида алайҳи мудохилаи низомиёни мисрӣ ва барканории давлаи Муҳаммад Мурсӣ, ки ба сурате демукротик интихоб шуда буд, мавзеъе иттихоз накардааст?"

Вазири хориҷаи Омрико бо таъкид бар ин ки моил аст ҷавобе сареъ ба ин савол бидиҳад, гуфт: "Милюнҳо нафар аз мардуми Миср, ки нигарони суқути кишварашон ба вартаи ҳарҷу марҷ ва хушунат буданд, хостори дахолати низомиён шуда буданд."

Дар ҳоле ки тарафдорони Муҳаммад Мурсӣ, иқдоми артиш дар барканории ӯро кудето ва тасаллути низомиён бар қудрат мехонанд, Ҷон Керрӣ изҳор дошт: "То он ҷо ки ман ташхис медиҳам, то замони ҳозир низомиён қудратро дар даст нагирифтаанд, балки идораи умури кишвар дар дасти як давлати ғайринизомӣ аст."

Вай таъкид кард: "Дар асл низомиён дар талош барои бозгардондани демукросӣ будаанд."

Аз оқои Керрӣ дар мавриди гузоришҳои марбут ба кушта шудани теъдоде аз тазоҳуркунандагон тавассути нерӯҳо давлатӣ суол шуд. Вазири хориҷаи Омрико гуфт: "На, манзур аз талош барои бозгардондани демукросӣ, ин гуна иқдомот набуда, ки боъиси нигаронии шадиди мост."

Ҷон Керрӣ гуфт, ки худи ӯ ва соири мақомоти давлати Омрико бо Адлӣ Мансур, раиси ҷумҳурии муваққат, Муҳаммад Албародеъӣ, муъовини раиси ҷумҳурӣ ва женерол Абдулфаттоҳ Алсисӣ, фармондеҳи олии артиш ва вазири дифоъ дар тамос будаанд ва афзуд, ки шахсан бо Набил Фаҳмӣ, вазири умури хориҷаи давлати муваққат ҳам гуфтугӯҳое дошта, ки дар онҳо тасреҳ карда, ки аз назари Омрико тавассул ба хушунат аз сӯйи ҳар кас, ки бошад, ғайриқобили қабул аст.

Вазири хориҷаи Омрико гуфт, ки Иёлоти Муттаҳида дар ҳамоҳангӣ бо кишварҳои Иттиҳодияи Урупо ва соири кишварҳо мекӯшад, то роҳеро барои ҳаллу фасли мусолиматомези буҳрони сиёсии Миср биёбад.

Оқои Керрӣ дар айни ҳол гуфт: "Моҷарои Миср ҳанӯз поён наёфта ва мо бояд сабр кунем ва бубинем, ки тайи рӯзҳои оянда ин моҷаро ба чи шакл идома меёбад."

Тақвияти мавзеъи низомиён

Image caption Мудохилаи артиш дар пайи таҷаммуъи гурӯҳи касире аз марум алайҳи давлати Мурсӣ сурат гирифт

Рӯзи 3 июл дар ҳоле ки чандсад ҳазор тан аз мухолифони Муҳаммад Мурсӣ дар майдони Таҳрири Қоҳира таҷаммуъ карда ва хостори истеъфои ӯ буданд, артиши Миср бо инқизоизарбулаҷале, ки барои вокуниши мусоъиди Муҳаммад Мурсӣ ба хости муътаризон буд, барканории раиси ҷумҳуриро эълом кард.

Дар пайи судури иттилоъияи артиш, женерол Абдулфаттоҳ Алсисӣ дар маросиме бо ҳузури шуморе аз раҳбарони динӣ ва сиёсии Миср, эълом кард, ки давлати интиқолӣ ба раҳбарии Адлӣ Мансур, яке аз қуззоти барҷастаи мисрӣ, ташкил шуда, то бар раванди ислоҳи Қонуни асосӣ ва баргузории интихоботи озоди раёсати ҷумҳурӣ ва порлумонӣ назорат кунад.

Муҳаммад Мурсӣ, аз ҳизби Озодӣ ва Адолат вобаста ба гурӯҳи исломгарои Ихвонулмуслимин, давраи раёсати ҷумҳурии худро дар июни соли гузашта ва бо касби аксарияти андаке дар марҳилаи дувуми интихоботи раёсати ҷумҳурӣ оғоз кард ва бо эъломи ин ки худро раиси ҷумҳурии ҳамаи мисриён медонад, ваъда дод, ки мушкилоти иқтисодӣ ва иҷтимоъии Мисрро ҳал кунад.

Мухолифони оқои Мурсӣ давлати ӯро ба бекифиоятӣ дар идораи умур ва дар натиҷа ташдиди мушкилоти иқтисодӣ ва иҷтимоъӣ, ҷиҳатгирӣ ба нафъи Ихвонулмуслимин ва талош барои таҳмили як низоми ҳукуматии динӣ бар Миср ва ҷилавгирӣ аз истиқрори демукросӣ дар ин кишвар муттаҳам карданд.

Онон иқдомоте монанди тадвин ва тасвиби Қонуни асосии мубтанӣ бар қавоъиди шаръӣ, нуфузи беш аз андозаи исломгароён дар ташкилоти ҳукуматӣ ва талоши раиси ҷумҳур барои мудохила дар интисобот дар қувваи қазоияро, ки ба таври суннатӣ ҳамвора истиқлоли нисбии худро аз давлатҳои вақт ҳифз карда буд, ба унвони нишонаҳое аз барномаи вай барои эҷоди як ҳукумати исломӣ ба ҷойи демукросӣ дар Миср зикр мекарданд.

Аз замони барканории Муҳаммад Мурсӣ тарафдорони гурӯҳи Ихвонулмуслимин ҳамчунон ба таҷаммуъи эътирозӣ ҷиҳати бозгардондани ӯ ба қудрат идома додаанд ва дар чанд маврид байни онон ва мухолифони Мурсӣ ва ҳамчунин нерӯҳои амниятӣ даргириҳое гузориш шуда, ки талафоте ҳам бар ҷой гузоштааст.

Тарафдорони Муҳаммад Мурсӣ артишро ба кудето алайҳи раиси ҷумҳурии қонунӣ муттаҳам кардаанд, аммо мухолифони ӯ гуфтаанд, ки артиш сирфан ба хости аксарияти мардум посух дод ва интиқоли қудрат аз оқои Мурсӣ ба як давлати муваққати ғайринизомиро наметавон кудето номид.

Матолиби муртабит