Вазири умури хориҷа ва муъовини раиси давлати муваққати Миср муъаррифӣ шуданд

  • 14 Июл, 2013
Муҳаммад Албародеъӣ
Image caption Дар ибтидо қарор буд оқои Бародеъӣ ба унвони нахуствазир интихоб шавад, аммо номзадии ӯ бо мухолифати ҳизби Нур, ки муташаккил аз салафиҳои тундрав аст, рӯбарӯ шуд

Набил Фаҳмӣ, сафири собиқи Миср дар Омрико ба унвони вазири умури хориҷаи давлати муваққати Миср муаррифӣ шудааст.

Гузоришҳо ҳамчунин аз интихоби Муҳаммад Албародеъӣ, масъули пешини Ожонси байналмилалии энержии атумӣ ва аз сиёсатмадорони либерол ба унвони муъовини раиси давлати муваққат дар равобити хориҷӣ ҳикоят дорад.

Дар ибтидо қарор буд оқои Бародеъӣ ба унвони нахуствазир интихоб шавад, аммо номзадии ӯ бо мухолифати ҳизби Нур, ки муташаккил аз салафиҳои тундрав аст, рӯбарӯ шуд.

Ҳизби Нур танҳо ҳизби исломгаро аст, ки иҷоза ёфта дар даврони пас аз оқои Мурсӣ дар саҳнаи сиёсии Миср фаъолият кунад. Ин ҳизб аз иқдоми артиш дар барканории оқои Мурсӣ ҳимоят карда буд.

Бар асоси гузоришҳоии дарёфтӣ Ҳозим Албибловӣ, ки дар пайи барканории Муҳаммад Мурсӣ аз пусти раёсати ҷумҳурӣ ба унвони нахуствазири давлати муваққат муъаррифӣ шуд, дар садади ташкили давлате барои идораи умури кишвар аст.

Давлати ӯ қарор аст то замони тадвини қавонини ҷадид ба кор машғул бошад.

Муҳаммад Мурсӣ, аввалини раиси ҷумҳури исломгарои Миср, ки соли гузашта интихоб шуда буд, дар пайи эътирозоти густарда тавассути артиш барканор шуд ва Адлӣ Мансур, раиси додгоҳи қонуни асосии Миср муваққатан ҷойи ӯро гирифтааст.

Оқои Мансур ваъдаи баргузории интихоботро дар соли ояндаи мелодӣ додааст.

Матолиби муртабит